Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти 5 нафар зимни фурӯши ураниум


Мақомоти Гурҷистон 5 нафарро зимни талош барои фурӯхтани моддаи ҳастаии ураниум, ки барои сохти бомби атомӣ зарур аст, дастгир кардаанд. Кумитаи амнияти миллӣ гуфт, ки ин афрод мехостанд, ҳудуди як килову 600 грам моддаҳои ҳастаӣ, аз ҷумла ураниуми 238 ва 235-ро бо қимати 3 миллион доллар бифурӯшанд. Ба гуфтаи кумита, ҳамаи 5 нафарро дар осоишгоҳи Кобулети дар Баҳри Сиёҳ рӯзи 27-уми апрел дастгир карданд ва мумкин аст, онҳо то ба 10 соли зиндон маҳкум шаванд. Миқдори зиёди ураниуми 235-ро метавонанд, барои сохтани бомби атомӣ истифода кунанд, вале ураниуми 238 фақат барои тавлиди бахшҳое аз бомби атомӣ лозим аст. Даҳ рӯз пештар аз ин пулиси Гурҷистон се гурҷӣ ва як арманиро зимни фурӯши ураниуми 238 дастгир кард. Боздоштҳои ахир нигарониҳо аз ҳифзи маводи ҳастаӣ дар қаламрави шӯравии собиқро барангехтааст ва ҳам ин нигарониро, ки тундравон мехоҳанд, ба ин мавод соҳиб шуда, бомби атомӣ бисозанд. Дар Арманистон ва Гурҷистон дар солҳои 2010 ва 2012 ду дафъа аз фурӯши моддаҳои атомӣ пешгирӣ кардаанд.

XS
SM
MD
LG