Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Куба феҳристи сармоягузорони терроризмро тарк кард


ИМА Кубаро аз феҳристи кишварҳои сармоягузори терроризм берун кард. Ин гом як бахши раванди эътидоли равобит миёни ду кишвар аст, ки аз замони "ҷанги сард" ба ин сӯ баҳамрехта аст.

Вазорати умури хориҷаи ИМА рӯзи 29 май бо пахши як изҳорот гуфт, ки Амрико ба бисёр масоили марбут ба сиёсату амалҳои Куба мухолиф аст ва аммо ҳамаи онҳо "берун аз чаҳорчӯби ҳузури Куба дар феҳристи кишварҳои сармоягузори терроризманд".

Бо тасмими ахири Кохи Сафед монеъаи асосӣ дар роҳи эҳёи робитаҳои дипломатӣ, аз ҷумла, ифтитоҳи сафоратхонаҳо дар Вошингтон ва Ҳавана, аз байн бурда шуд.

Раисиҷумҳури ИМА Барак Обама ва ҳамтои кубагияш Раул Кастро моҳи декабри соли 2014 бо табодули маҳбусон роҳро барои эҳёи робитаҳо миёни ду кишвар боз карданд.

XS
SM
MD
LG