Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷумъабой Сангинов аз мақомаш барканор шуд


Ноиби аввали раиси вилояти Суғд Ҷумъабой Сангинов, ки аз соли 2011 ба ин сӯ дар ин вазифа кор мекард, бино бар расидан ба синни бознишастагӣ аз мақомаш барканор шудааст. Хабаргузории "Тоҷнюс" мегӯяд, фармони барканории Сангинов рӯзи шанбеи 24 апрел баромадааст, аммо то ҳанӯз ин хабар расман пахш нагаштааст. Ин дар ҳолест, ки Сангинов ҳанӯз рӯзи 22 феврали соли равон ба синни нафақа расида, дар ин байн ҳамаи муовинони раиси вилояти Суғд иваз шудаанд. Ҷумъабой Сангинов дар ҳалли муноқишаҳо дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон шӯрҳат ёфта, ҳамчун узви кумиссюни байнидавлатии таъин ва аломатгузории марзҳои ду кишвар барои расонаҳои ахбори ом дастрас буд. Қаблан Сангинов узви Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон ва раиси ҷиноҳи ҳизби ҳоким дар порлумон буд. Аз рӯи касб пизишки ҷарроҳ буда, солҳои зиёд дар риштати тиббии Тоҷикистон кор кардааст.

XS
SM
MD
LG