Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интихоботи Қазоқистонро танқид карданд


Нурсултон Назарбоев, зимни суханронӣ дар як гирдиҳамоӣ ба муносибати пирӯзиаш дар интихобот.
Нурсултон Назарбоев, зимни суханронӣ дар як гирдиҳамоӣ ба муносибати пирӯзиаш дар интихобот.

Нозирони Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо гуфтанд, интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар Қазоқистон, ки раиси ҷумҳур Нурсултон Назарбоевро ғолиби он эълон карданд, мувофиқ ба меъёрҳои интихоботи демократӣ сурат нагирифт. Ба гуфтаи ин нозирони байналмилалӣ, раъйдиҳандагони Қазоқистон бинобар маҳдудияти озодии баён ва набуди мухолифони воқеӣ, интихоби маҳдуд доштанд. Корнелия Ҷонке, раиси Дафтари Ниҳодҳои Демократӣ ва Ҳуқуқи Башари Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо, рӯзи 27-уми апрел дар як нишасти хабарӣ дар Остона гуфт, дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар рӯзи 26-уми апрел «мухолифони мӯътабар» ҳузур надоштанд. Ба гуфтаи Кумиссиёни интихоботи Қазоқистон, дар ин корзори сиёсӣ, раиси ҷумҳур Нурсултон Назарбоев, 97.7 дар сади раъйи мардумро ба даст овард ва ҳамингуна бори панҷум раиси ҷумҳури кишвар мемонад. Қувондиқ Турганқулов, раиси кумиссиён гуфт, дар интихобот бештар аз 95 дар сади мардум ширкат карданд. Нурсултон Назарбоев, баъди интихобот гуфт, ки мардуми Қазоқистон «ба тамоми ҷаҳон нишон доданд, ки фарҳанги сиёсӣ, маънии ваҳдат ва масъулиятшиносиро дорад." Аммо ба гуфтаи Корнелия Ҷонке, «раиси ҷумҳури феълӣ ва ҳизби ӯ дар сиёсат тасаллут доранд ва ба раъйдиҳандагон гузинаҳои алтернативии воқеии сиёсӣ пешниҳод нашуд».

XS
SM
MD
LG