Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Би-би-сӣ: "Мо дар Тоҷикистон мемонем"


Масъулони Би-би-сӣ баъд аз зӯҳри 31 март бо пахши изҳорот эълон карданд, қатъи фаъолияти саҳифаи тоҷикӣ ва аз кор озод шудани ҳафт корманди онҳо дар Душанбеву Хуҷанд ба масъалаи кам шудани буҷаи ин расонаи байналмилалӣ рабт дорад ва ҳаргиз ба маънои ба тамом аз Тоҷикистон рафтани онҳо нест. Онҳо мегӯянд, барои пӯшиши хабарҳои Тоҷикистон дар телевизиони форсӣ ва бахши русии Би-би-сӣ дар Душанбе се корманди онҳо боқӣ хоҳанд монд.

Буҷаи бахши ҷаҳонии Би-би-сӣ ба маблағи панҷ миллион пунд қоҳиш ёфта ва бар асоси он 105 нафар кори худро аз даст медиҳанд.

Содиқи Сабо, раиси бахши форсии Би-би-сӣ, мегӯяд, бо ин ки саҳифаи сириллики бахши форсии Би-би-сӣ баста мешавад, аммо онҳо ҳамчунон ба пӯшиши хабарии рӯйдодҳои Тоҷикистон дар торнамои форсии Би-би-сӣ идома хоҳанд дод. Ӯ афзуд, “мухотабони мо дар Тоҷикистон илова бар сайти форсии Би-би-сӣ метавонанд ба сайтҳои русӣ ва англисии Би-би-сӣ ҳам муроҷиа кунанд. Мо ҳамчунон дар Тоҷикистон хабарнигор хоҳем дошт ва мардуми Тоҷикистон метавонанд хабарҳои марбут ба кишварашонро аз тариқи телевизиюн ва радиои форсии Би-би-сӣ дунбол кунанд."

Дафтари Би-би-сӣ дар Тоҷикистон соли 1993 бо кӯшишҳои Муҳиддин Олимпур, рӯзноманигор ва акккоси маъруф, боз шуда буд.

XS
SM
MD
LG