Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Идомаи тағйироти кадрӣ дар Тоҷикистон


Эмомалӣ Раҳмон
Эмомалӣ Раҳмон

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, рӯзи 27 феврал аз кадрҳои тозатаъин, бахусус дар бахши маорифи кишвар, хостааст, ҳамеша бо коррупсия дар мубориза бошанд.

Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳурӣ мегӯяд, ҳоло бо ризоияти оқои Раҳмон, Назира Ғаффорова, Заробиддин Файзуллозода ва Сулаймон Зиёев муовинони раиси вилояти Суғд таъин гардидаанд. Инчунин, ба иттилои манбаъ, Ғуломқодир Бобиев – президенти Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, Ҳакимхон Валиев - сардори раёсати маорифи вилояти Хатлон ва Осим Каримов - сардори раёсати маорифи вилояти Суғд таъин шудаанд.

Манбаъ меафзояд, Абдулҳаким Розиқзода - раиси муассисаи давлатии Комиссияи олии аттестатсионӣ; Лутфия Абдулхолиқ - ректори Донишкадаи идоракунии давлатии назди президент; Идигул Қосимзода - ректори Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон; Сайъало Мирзоев - директори иҷроияи филиали Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи Михаил Ломоносов дар Душанбе; Алидод Расулов - сардори Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маорифи Вазорати маориф ва илм; Муҳибулло Зувайдуллоев - директори муассисаи таълимии давлатии Мактаби байналмилалии президентӣ дар Душанбе ва Исматулло Шодиев - директори муассисаи давлатии Маркази барномаҳои байналмилалӣ назди президент гардидаанд.

Ҳабибулло Саъдуллоев ба курсии директори муассисаи давлатии рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ва Фирдавс Усмонов ба курсии директори муассисаи давлатии Фонди дастгирии соҳибкории назди ҳукумати Тоҷикистон такя задаанд.

Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳурӣ мегӯяд, “аксар кадрҳои ба вазифаҳои пурмасъулият таъиншуда мутахассисони ҷавон, соҳибмаърифат, забондон ва дорои ҷаҳонбинии муосир мебошанд.” Эмомалӣ Раҳмон дар охир аз сокинон даъват кардааст, дар интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон ва мақомоти намояндагии маҳаллӣ, ки 1 март баргузор мегардад, фаъолона иштирок намоянд.

XS
SM
MD
LG