Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Новак: Интиқоли газ мутаваққиф мешавад


Александр Новак, вазири энерҷии Русия, изҳор намуд, ки эҳтимолан интиқоли газ ба Украина то шурӯи музокирот оид ба баҳси газ миёни ду кишвар, мутаваққиф мешавад. Қарор аст, ки ин гуфтушунид рӯзи 2 март дар Брюссел баргузор шавад.

Мансабдори рус дар форуми иқтисодӣ дар шаҳри Красноярск рӯзи 27 феврал изҳор намуд, ки ширкати “Газпром” то ҳанӯз аз Украина 15 миллион доллар пешпардохт барои интиқоли газро дарёфт накардааст. Бино ба созише, ки моҳи октябри соли гузашта миёни Русияву Украина бо миёнҷигарии Иттиҳодияи Аврупо имзо шуд, ширкати “Нафтогаз”-и Украина бояд ҳар моҳ маблағи газро пешакӣ пардохт кунад.

“Нафтогаз” ахиран аз он шиква кард, ки гази Русияро дар ҳаҷми зарурӣ нагирифтааст. Дар посух “Газпром” эълом дошт, бахши аъзами газ ба манотиқи ҷангзадаи шарқи Украина интиқол ёфтааст.

Мутаваққиф шудани интиқоли газ ба Украина метавонад боиси мушкили дарёфти ин маводи сӯхт аз сӯи кишварҳои аврупоӣ шавад.

XS
SM
MD
LG