Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Музокироти ҳастаии Эрон бори дигар ба мушкил рӯ ба рӯ шуд


То як рӯзи дигар ба поёни мӯҳлати ниҳоии созишномаи миёни шаш қудрати ҷаҳонӣ бо Эрон дар бораи барномаҳои ҳастаии ин кишвар музокироти ҳастаӣ дар Вена бори дигар ба мушкил рӯ ба рӯ шудааст ва имкон дорад мӯҳлати музокирот баъд аз 24 ноябр низ тамдид шавад. Вале ҷонибҳо бояд то 24 ноябр ба созиши доимӣ бирасанд.

ноябр Ҷон Керрӣ-вазири корҳои хориҷаи Амрико гуфт, ки «мо хеле сахт кор мекунем. Мо умедворем, ки бо эҳтиёт ба пешрафт ноил шавем, вале холигоҳҳои зиёд вуҷуд доранд”. Ҷон Керрӣ 22 ноябр сафари худ ба Порисро мавқуф гузошт, то дар давоми се рӯзи ахир мулоқоти чаҳоруми худро бо Муҳаммад Зариф Ҷавод-вазири корҳои хориҷаи Эрон анҷом диҳад.

Амрикову Британия, Фаронсаву Чин ва Русияву Олмон мехоҳанд, бо Эрон ба тавофуқ расанд ва бар асоси ин тавофуқ Эрон набояд аслиҳаи ҳастаӣ эҷод кунад. Дар ҷавоб ба ин тъавофуқот маҳофили байналмиллалӣ таҳримҳои иқтисодии зидди Эронро аз миён мебардоранд. Вале Эрон пофишорӣ дорад, ки барномаҳои ҳастаиаш сулҳомез аст.

XS
SM
MD
LG