Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Украина 800 000 нафар аз ҷои худ беҷо шудаанд


Харитаи UNHCR дар бораи беҷошудагони Украина
Харитаи UNHCR дар бораи беҷошудагони Украина

СММ мегӯяд, ки муноқишаи Украина бештар аз 800 ҳазор нафарро аз маҳаллоти зисти худ беҷо ва овора кардааст. Тақрибан 95 дарсади онҳо дар шарқи Украина зиндагӣ мекарданд. Дар ин минтақа нируҳои давлатӣ бо нируҳои ҷудоихоҳи ҷонибдори Русия ҷанг мекунанд.

UNHCR ё Ожонси СММ дар умури паноҳҷӯён дар ҷаласае дар Женева гуфт, ки ҳоло 430 ҳазор нафар дар дохили худи Украина беҷой шудаанд. 170 ҳазор нафари онҳо аз оғози моҳи сентябр то ҳол аз ҷояшон беҷой шудаанд.

387 ҳазор нафари онҳо аз Русия дархости мақоми паноҳандагӣ ва ё мақоми дигари паноҳҷӯӣ кардаанд ва хостаанд, муваққатан дар Русия зиндагӣ кунанд. 6 600 нафар аз кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо ва 581 нафар аз Беларус дархости паноҳандагӣ намудаанд.

UNHCR мегӯяд, ки талош дорад ба одамони осебпазир зудтар ёрӣ расонад, зеро зимистон наздик мешавад. Ожонси мазкур ҳамчунин мегӯяд, ки имкон дорад шумораи паноҳҷӯён афзоиш ёбад.

XS
SM
MD
LG