Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ба ҷонибдорӣ аз Дилором 200 ҳазор нафар имзо гузоштанд


Amnesty International ё Афви Байналмиллал мегӯяд, тақрибан 200 ҳазор нафар дар номаи умумие имзо гузоштаанд, ки дар он аз Ислом Каримов-раиси ҷумҳури Узбакистон хоста мешавад, то фавран зани “зиндонии виҷдон”-ро раҳо кунад.

Ин нома аз Дилором Абдуқодирова зани зиндонии 49 сола ҳимоят мекунад ва дар 123 кишвар ба ҷонибдорӣ аз вай дар нома имзо гузоштаанд. Ин нома зери унвони “Шиканҷа бас” ба маъракаи ҷамъоварии имзо табдил ёфт. Дар ин бора 20 октябр Афви Байналмиллал дар Британия хабар дод.

Афви Байналмиллал Абдуқодироваро фурӯшандаи сабзавот муаррифӣ кардааст, ки барои ширкат дар ҳамоиши эътирозӣ барои беҳбуди шароити зист дар Узбакистон ба 18 соли зиндон маҳкум шудааст.

Вай соли 2005, вақте ки дар Андиҷон нируҳо ба сӯи эътирозгарон тирандозӣ карданд аз Узбакистон гурехт. Вале вақте ки дар соли 2010 ба Узбакистон ба назди хонаводааш баргашт, боздошт ва маҳкум ба зиндон шуд.

XS
SM
MD
LG