Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

16 тоҷик дар Русия бо маводи мухаддир боздошт шуданд


Полиси Русия мегӯяд, як гуруҳи 22-нафарии қочоқ ва фурӯши маводи мухаддирро боздошт кардааст, ки аксари аъзои он шаҳрвандони Тоҷикистон будаанд. Полис мегӯяд, ба 16 шаҳрвандони Тоҷикистон дар фурӯши маводи мухаддир 6 шаҳрванди Русия ва кишварҳои дигар кӯмак мекардаанд. Аз манзил ва махфигоҳҳои ин гуруҳ зиёда аз 25 килограм маводи мухаддир кафш ва мусодира шудааст. Полиси Русия мегӯяд, боздошти гуруҳи мазкур яке аз масирҳои асосии қочоқи маводи мухаддирро ба вилоятҳои марказии Русия бастааст.

XS
SM
MD
LG