Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз Кобул ба нишасти НАТО кӣ меравад - Карзай, Абдуллоҳ ё Ғанӣ?


Пас аз он ки, сухангӯи президенти Афғонистон гуфт, ки Ҳомид Карзай дар нишасти сарони НАТО иштирок намекунад, намояндагони ду номзад гуфтаанд, ки дар сурати пирӯзӣ раҳбари тимашон бо барномаи рӯшан дар ин нишаст иштирок хоҳад кард.

Муҳаммад Нотиқӣ, яке аз аъзоёни тими Ислоҳот ва ҳамгироӣ бо раҳбарии Абдуллоҳ Абдуллоҳ ба Радиои Озодӣ гуфт, ки дар сурати баранда шудани тимашон дар ин интихобот, дар чаҳорчӯбаи созишҳои қаблии Афғонистон бо ҷомеаи ҷаҳонӣ, масоили асосӣ ва мавриди ниёзи кишварашонро бо намояндагон ва сарони НАТО матраҳ хоҳанд кард: "Агар тими Ислоҳот ва ҳамгироӣ барандаи интихобот шавад, барномаи муфассали худро дар чаҳорчӯбаи ҳамон тавофуқот, қарордодҳо ва муоҳидаҳо ки Афғонистон бо ҷомеаи ҷаҳонӣ дорад, матраҳ мекунад."

Оқои Нотиқӣ ҳамчунон гуфт, ки агар натиҷаи интихоботи Афғонистон рӯшан нашавад, мумкин замони баргузории нишасти Валес низ тағйир кунад. Қарори гузоришҳо, нишасти сарони НАТО дар бораи Афғонистон дар ҳафтаи аввали моҳи сентябр дар шаҳри Валеси Бритониё баргузор мешавад. Ин дар ҳолест, ки рӯзи чаҳоршанбе Эймал Файзӣ, сухангӯи раёсати ҷумҳури Афғонистон гуфт, Ҳомид Карзай дар нишасти сарони НАТО дар Бритониён иштирок намекунад.

Муҳаммадсиддиқ Ятман, сухангӯи тими Таҳаввул ва тадовум ба Радиои Озодӣ гуфт, Ашрафғанӣ Аҳмадзай дар бораи тамоми масоил, ки бояд дар ин нишаст мавриди баҳс қарор бигирад, огоҳӣ ва омодагии комил дорад: "Агар тими мо, тими Ашрафғанӣ Аҳмадзай баранда шавад, барои ин нишаст омодагии комил доард. Дар нишастҳое, ки дар бораи мувофиқатномаҳои амниятӣ ва дифоӣ сурат гирфтааст, оқои Ғанӣ ҳузур доштааст."

Тимҳои интихоботӣ ҳамчунин гуфтаанд, ки идомаи кӯмакҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ бо Афғонистон ва имзои мувофиқатномаи амниятӣ ва дифоӣ бо Амрико дар меҳвари барномаҳо барои матраҳ кардан дар ин нишаст қарор дорад.

Дар ин ҳол вазорати умури хориҷии Афғонистон низ гуфтааст, ки мумкин раиси ҷумҳури он кишвар Ҳомид Карзай дар нишасти Валес иштирок накунад. Сироҷулҳаққ, муовини сухангӯи вазорати умури хориҷии Афғонистон ба Радиои Озодӣ гуфт, агар то пеш аз моҳи сентябр натиҷаи интихоботи Ағонистон рӯшан нашавад, мумкин як мақоми олирутбаи ҳукумати феълии Афғонистон дар нишсти Валеси Бритониё иштирок кунад.

"Раиси ҷумҳур Карзай гуфтааст, ки худаш дар ин нишаст иштирок намекунад. Аммо ваъда дода ба онҳо, ки як мақоми ҳукумат иштирок мекунад. Ё раиси ҷумҳури оянда иштирок мекунад ва ё ҳам яке аз аъзои баландпояи давлат дар он нишаст иштирок мекунад."

Ин дар ҳолест, ки нахуствазири Бритониё дар як тамоси телефонӣ бо ду номзади даври дувуми интихоботи президении Афғонистон аз онҳо хостааст, то мутобиқ ба тавофуқоти қаблӣ дар ҳузури вазири умури хориҷии Амрико, ба корашон идома бидиҳанд. Вай ибрози умедворӣ кардааст, ки натиҷаҳои интихоботи Афғонистон пеш аз баргузории нишасти Валес маълум шавад ва раиси ҷумҳури нави ин кишвар дар ин нишаст иштирок кунад.

Аммо Ян Кубиш, намояндаи вижаи СММ дар Афғонистон дар дидораш бо Ҳомид Карзай гуфтааст, ки раванди тафтиши оро ба хубӣ пеш меравад, аммо поёни он то 2 сентябр ғайри мумкин аст. Намояндаи СММ ибрози умедворӣ кардааст, ки раванди тафтиши оро то 10 сентябр ба анҷом бирасад. Таҳлилгарон ба ин боваранд, ки ба дарозо кашидани интихобот ба зиёни он Афғонистон буда ва боиси коҳиши кӯмакҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ ва афзоиши ноамниҳо дар ин кишвар мешавад.

XS
SM
MD
LG