Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ним моҳи асорати Гулрухсор Рофиева (ВИДЕО)


Гулрухсор Рофиева.
Гулрухсор Рофиева.

Аз рабуда шудани ҳамшираи тоҷик Гулрухсор Рофиева дар Яман ним моҳ гузашт, вале то кунун талошҳо барои ҷустуҷӯ ва раҳоии ӯ натиҷае наовардаанд.

Бо гузашти ҳудуди 2 ҳафта аз нопадид шудани табиби тоҷик Гулрухсор Рофиева дар Яман, ҳанӯз сарнавишти ӯ номаълум боқӣ мемонад ва наздиконаш мегӯяд, ки ахбори вобаста ба ӯро танҳо аз тариқи расонаҳо пайгирӣ менамоянд.

Гулрухсор Рофиева, ки дар яке аз бемористонҳои низомии минтақаи Маъриби Яман фаъолият мекард, рӯзи 29 октябри соли ҷорӣ рабуда шуд.

Шоҳрух Рофиев, бародари Гулрухсор Рофиева рӯзи 11 ноябр дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки онҳо бо ҳамкорони хоҳараш дар Яман дар тамос ҳастанд ва онҳо имтинонашон додаанд, ки Гулрухсор ба наздикӣ раҳо мешавад.

Ба гуфтаи Шоҳрух Рофиев, онҳо ба мақомоти Тоҷикистон, аз ҷумла ба ниҳодҳои амниятӣ дар Панҷакент ва Душанбе дар робита ба рабуда шудани Гулрухсор муроҷиат намуда ва аз вазорати умури хориҷӣ хостори кӯмак барои раҳоии ӯ шудаанд.

Дар Маъриб, шаҳре дар тақрибан 200-километрии Санъо, пойтахти Яман, ки Гулрухсор дар бемористони низомиаш кор мекард, бо талаби раҳоии ин ҳамшираи тоҷик раҳпаймоӣ доир шуда, ҳамкоронаш ҳатто даст ба як коршиканӣ заданд.

РАҲПАЙМОӢ БО ТАЛАБИ РАҲОИИ ТАБИБИ ТОҶИК ДАР ЯМАН

Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон низ мегӯяд, ки аз тамоми имкониятҳои мавҷуд барои раҳоии ҳар чӣ зудтари табиби рабудашудаи тоҷик дар Яман, истифода мебарад. Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон рӯзи 8 ноябр бо нашри як иттилоия дар робита ба рабуда шудани табиби тоҷик дар Яман гуфт, ки "ҳодисаи рабуда шудани шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Рофиева Гулрухсор дар Ҷумҳурии Яман мавриди таваҷҷӯҳи пайваста қарор дорад ва вазорати корҳои хориҷӣ аз тамоми имкониятҳои мавҷуда барои ҳарчи зудтар озод шудани ӯ истифода мекунад.”

Вазорати умури хориҷӣ мегӯяд, ки сафорати Тоҷикистон дар кишвари Арабистони Саудӣ бо мақомоти Яман ва намояндагони ширкати “Здравэкспорт”-и Русия, ки ин табиби тоҷик бар пояи як қарордод бо ин ширкат ба ҳайси ҳамшираи шафқат дар беморхонаи маҳаллии минтақаи Маъриб кор мекунад, ҳамвора дар тамос аст. Тибқи ин иттилоия, бо супориши вазорати умури хориҷӣ, сафири Тоҷикистон дар Қатар низ барои ҳалли қазия даст ба кор шудааст.

Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон мегӯяд, тариқи сафорати Русия дар Тоҷикистон аз сафорати Русия дар Яман барои кӯмак дар раҳоии Гулрухсор Рофиева ва сиҳату саломат ба кишвар баргаштани ӯ дархости мусоидат кардааст.

Гулрухсор Рофиева, сокини 36-солаи шаҳри Панҷакент, ки дар шӯъбаи занонаи шифохонаи низомии шаҳри Маъриби Яман кор мекард, рӯз 29 октябри соли равон дар яке аз маҳаллаҳои ин шаҳр замоне рабуда шуд, ки нақлиёти бемористонро, ки он рӯз андаке таъхир кардааст, интизор нашуда, пиёда сӯи коргоҳаш равон шуд.

XS
SM
MD
LG