Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳоии як тарафдори “Гурӯҳи 24” аз боздоштгоҳи Маскав


Абдураҳим Восиев
Абдураҳим Восиев

Абдураҳим Восиев, ки дар Тоҷикистон ба ҳамкорӣ бо “Гурӯҳи 24” айбдор мешавад, баъди як соли боздошт дар Маскав озод шудааст.

Абдураҳим Восиев, ки аз сӯи мақомоти Тоҷикистон ба ифротгароӣ ва ҳамкорӣ бо созмони мамнӯи “Гурӯҳи 24” айбдор мешуд, баъди як соли боздошт аз боздоштгоҳ (СИЗО)-и рақами чоруми шаҳри Маскав озод шудааст.

Илларион Василев, вакили мудофеи Абдураҳим Восиев рӯзи 16 ноябр ба бахши тоҷикии Радиои Озодӣ гуфт, қонунгузориии Русия барои дар боздошт нигоҳ доштани афроди таҳти ҷустуҷӯ ҳадди аксар 12 моҳро пешбинӣ кардааст ва азбаски муваккили ӯ алакай як соли дуруст дар боздоштгоҳ қарор дошт, ӯро рӯзи 12 ноябр раҳо карданд: “Барои ин ҳатто ҳукми додгоҳ содир нашуд. Ӯро бо қарори додситонӣ ба шарти берун нарафтан аз маҳалли зисташ озод карданд.”

Илларион Василев гуфт, раҳоӣ аз боздошт ҳанӯз ба маънои озодии комили Восиев нест, чунки парвандаи истирдоди ӯ ҳамоно дар дасти баррасӣ қарор дорад: “Ҳанӯз қароре дар ин маврид ки ӯро ба Тоҷикистон истирдод кунанд ё на, қабул нашудааст. Баррасии парвандаи истирдоди Абдураҳим Восиев идома хоҳад ёфт. Фақат инки ӯ ҳоло дар боздошт нест.”

Абдураҳим Восиев аз аъзои созмони “Ҷавонон барои эҳёи Тоҷикистон” мебошад. Исми ин созмон дар тобистон ва тирамоҳи соли 2014, баъди ташкили як силсила гирдиҳамоиҳои муҳоҷирони тоҷик дар шаҳрҳои мухталифи Русия, аз ҷумла дар Маскав, Екатеринбург, Саратов ва Самара, матбуотӣ шуд.

Мақомоти Душанбе ин созмонро шарики умдаи созмони мамнӯи “Гурӯҳи 24” дар Русия мешиносанд ва раҳбараш Мақсуд Иброҳимов ва дастикам 6 узви дигари “Ҷавонон барои эҳёи Тоҷикистон”-ро бо роҳҳои мухталиф аз Русия ба Тоҷикистон оварда, маҳкум ба зиндон кардаанд. Аз ҷумла Мақсуд Иброҳимов ба 17 соли зиндон маҳкум шудааст.

Абдураҳим Восиев зодаи ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон буда, 28 сол дорад. Ӯ, ба гуфтаи вакили мудофеаш, аз сӯи мақомоти Тоҷикистон бар асоси моддаи 307-уми Кодекси ҷиноӣ – ифротгароӣ ва даъватҳои оммавӣ ба сарнагун кардани сохти конститутсионӣ – айбдор мешавад. Восиев ҳанӯз рӯзи 12 ноябри соли 2014 дар Маскав дастгир шуда буд.

Боздоштгоҳи рақами яки Самара
Боздоштгоҳи рақами яки Самара

Дар моҳи сентябр як узви дигари созмони “Ҷавонон барои эҳёи Тоҷикистон” ва Сулаймон Ҷобирови 33-сола аз боздоштгоҳи рақами яки шаҳри Самара озод шуданд. Ҷобиров 8 моҳро дар интизори баррасии парвандаи истирдодаш дар боздоштгоҳ ба сар бурда буд.

Ба ҳисоби ҳомиёни ҳуқуқ, дар саросари Русия то имрӯз дастикам 12 нафар бо дархости мақомоти Тоҷикистон бо гумони ҳамкорӣ бо “Гурӯҳи 24” дастгир шудаанд. Феълан аз ин шумор 7 нафар - Соҳибназар Абдуназаров, Абдураҳим Восиев, Меҳрубон Сатторов, Фирӯзшоҳ Лоиқов, Исмоил Холов ва Тағоймурод Маҳмадиев дар Русия ва дуи дигар – Собир Валиев дар Молдова ва Шабнам Худойдодова дар Беларус – мунтазири баррасии парвандаи истирдодашон ба Тоҷикистон мебошанд. Аз ин миён танҳо Абдураҳим Восиев ва Собир Валиев дар озодӣ ва бақия дар боздошт қарор доранд. Ҳамаи онҳо дар Тоҷикистон бар асоси моддаи 307-уми Кодекси ҷиноӣ – ифротгароӣ ва даъватҳои оммавӣ ба сарнагун кардани сохти конститутсионӣ – айбдор мешаванд.

Илларион Василев, ки аз ҳуқуқи 3 узви созмони “Ҷавонон барои эҳёи Тоҷикистон” – Соҳибназар Абдуназаров, Абдураҳим Восиев ва Фирӯзшоҳ Лоиқов – ҳимоят мекунад, мегӯяд, ин ҷавонон бо далоили сиёсӣ мавриди таъқиб қарор гирифтаанд: “Инҳо ҳамин қадар кор кардаанд, ки созмони “Ҷавонон барои эҳёи Тоҷикистон”-ро таъсис дода, зери асноди таъсиси ин созмон имзо гузоштаанд ва барои сабти ном ба вазорати адлияи Русия супурдаанд.”

Аммо мақомоти Душанбе "Гурӯҳи 24" ва созмонҳои шарикашро ба қасди бо роҳи зӯрӣ сарнагун кардани ҳукумати кунунӣ айбдор мекунанд.

“Гурӯҳи 24” як созмони мухолифи ҳукумати кунунии Тоҷикистон аст, ки се сол пеш аз сӯи Умаралӣ Қувватов ва Шарофиддин Гадоев, ду тоҷири дар гузашта ба доираҳои ҳокими ин кишвар наздик, таъсис ёфтааст. “Гурӯҳи 24” бо кумаки созмони “Ҷавонон барои эҳёи Тоҷикистон” дар тобистон ва тирамоҳи соли 2014 дар чанд шаҳри Русия гирдиҳамоиҳои муҳоҷирони тоҷик алайҳи ҳукумати Тоҷикистонро ташкил дод ва мардумро рӯзи 10 октябр ба як тазоҳуроти бузург дар майдони марказии Душанбе даъват кард. Ин тазоҳурот, дар ниҳоят доир нашуд, вале Додгоҳи олии Тоҷикистон рӯзи 9 октябр фаъолияти “Гурӯҳи 24”-ро расман манъ ва моҳи декабри соли 2014 ин созмонро ба рӯйхати созмонҳои ифротӣ шомил кард.

XS
SM
MD
LG