Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чанд паёми мардум ба Э.Раҳмон пеш аз паёмаш ба Маҷлис


Яке аз раҳгузарон ҳангоми суҳбат бо хабарнигори Радиои Озодӣ. 17 январ
Яке аз раҳгузарон ҳангоми суҳбат бо хабарнигори Радиои Озодӣ. 17 январ

​Яке мехоҳад мавзӯи бекории занон матраҳ шаваду дигаре хостори танзими муҳоҷирати корист. Онҳое ҳам ҳастанд, ки аз меҳнати сахташон дар гузашта ёдоварӣ мекунанду интизори нафақаи хубанд.

Дар як сӯҳбати сарироҳии хабарнигори Радиои Озодӣ дар хиёбони марказии Душанбе бархе аз роҳгузарон “дарди дил” карда, хостори матраҳ шудани чанд мушкили, аз назари онҳо, муҳим дар паёми солонаи раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба Маҷлиси Намояндагон шуданд. Бар хилофи солҳои пешин, ки паёми президент дар моҳи апрел ироа мешуд, имсол ин сана ба 23 январ гузошта шудааст ва ҳанӯз маълум нест, Эмомалӣ Раҳмон дар бораи чӣ масоил ҳарф хоҳад зад.

Вале яке аз роҳгузарон гуфт, зани танҳосту бо се фарзанд бори зиндагияшро ба сахтӣ мекашад ва бисёр интизор дорад, оқои Раҳмон дар бораи шуғли занон сухан гӯяд. Мусоҳиби мо гуфт, шахсан орзу дорад, то раиси ҷумҳурро аз наздик бубинад ва ба ӯ бигӯяд, ки мушкилаш дандоншикан аст ва дар нимароҳи зиндагӣ ночор мондаасту ба кумак ва ҷои кор ниёз дорад.

“Шуғли ман нонбандист. Вале худатон медонед, тақрибан ҳама ҷойро бастаанд. Пас, ман бояд чӣ кор кунам? Аз куҷо се кӯдакамро хӯронаму пӯшонам? Намедонам”,-гуфт ӯ. Ин сокини пойтахт афзуд, мисли вай занҳои танҳову бесаробон зиёданд ва хубтар мебуд, корхонаҳое боз мешуданд, ки барои онҳо шуғл медод.

Чанд паёми мардум ба Эмомалӣ Раҳмон
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:48 0:00

Қодир Носиров, як сокини пиронсоли пойтахт, низ аз камии нафақааш шиква карда ва гуфт, мехоҳад ин масъала дар паёми имсолаи Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Намояндагон ба ҳадди лозим матраҳ шавад. Вай афзуд, даврони ҷавонияшро қурбони кор барои кишвар кардаасту ҳоло ба пуштибонии ҳамаҷонибаи давлат эҳтиёҷ дорад. Дар ин миён онҳое низ буданд, ки мехостанд муҳоҷирати кории тоҷик ба кишварҳои хориҷ, бахусус Русия, ба танзим дароварда шуда, шароиташон беҳтар карда шавад.

Иддае мехоҳанд, ҳалли буҳрони Украина, ки тавассути Русия таъсираш то ба Тоҷикистон ҳам расидаву пояҳои иқтисоди бе ин ҳам ларзони кишварро ба хатар рӯбарӯ кардааст, дар паёми Эмомалӣ Раҳмон бозтоб ёбад. Гуруҳе ҳам ҳалли мушкили тозагии кӯчаву хиёбонҳои пойтахт ва ахлоттӯдаҳоро дидан мехоҳанду бархе боло бурдани мавқеи омӯзгоронро. Як ҷавони тоҷик дар сӯҳбат бо хабарнигори мо гуфт, дар ҳар кишваре, ки илм дар ҷои болост, рушд ҳам бо он “қаҳрӣ” намекунад.

Паёмҳои президенти Тоҷикистон ҳамчун барномаи кори ҳукумати ӯ ҳар сол дар моҳи апрел садо медоданд. Вале як манбаъ дар ҳукумати Тоҷикистон ба хабаргузории “Азия-Плюс” гуфтааст, паёми имсолаи Эмомалӣ Раҳмон ба парлумон ба 23-юми январ кӯчонда шудаву он ҳам ба тағйири соли молиявӣ дар Тоҷикистон рабт дорад.

Қаблан ба нимаи дуюми апрел таъин шудани рӯзи паёми солона, зоҳиран ба он бастагӣ дошт, ки дар солҳои интихоботи парлумонӣ имкон дода шавад, ҳарду палатаи парлумон интихоб шаванд ва ба кор сар кунанд. Дар чунин солҳо раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон паёмашро бо табрики вакилони нави пврлумон шурӯъ кардааст. Имсол ӯ паёмашро ба вакилоне хоҳад расонд, ки ҳамагӣ баъд аз ду моҳ, дар аввали моҳи март ваколаташон ба поён мерасад.

XS
SM
MD
LG