Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маҳмадрӯзӣ Искандаров, сиёсатмадори зиндонӣ, 70-сола шуд. Чӣ ҳол дорад?


Маҳмадрӯзӣ Искандаров
Маҳмадрӯзӣ Искандаров

Маҳмадрӯзӣ Искандаров, раҳбари пешини Ҳизби демократи Тоҷикистон, рӯзи 3-юми май 70-сола шуд. Ӯ нуздаҳ сол боз зодрӯзи худро дар зиндон мегузаронад.

Бародараш, Темур Тошев, гуфт, феълан саломатии Искандаров хуб аст ва наздикон бесаброна мунтазири раҳоияш ҳастанд: "Баъзе вақт фишораш боло меравад. Дору мехӯрад. Аҳволаш дар умум хуб аст."

Маҳмадрӯзӣ Искандаров, фармондеҳи Иттиҳоди пешини нерӯҳои оппозитсиюни тоҷик, пас аз имзои Созишномаи сулҳ аз ҳисоби тақсими 30-дарсадии қудрат ба мақоми давлатӣ расид. Раиси ширкати давлатии "Тоҷикгаз" буд. Соли 1999 раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон интихоб шуд ва ин созмони сиёсиро ба яке аз рақибони ҳизби ҳоким табдил дод.

Соли 2003, замоне ки бо ислоҳи Қонуни асосӣ мехостанд, муҳлати президентиро дар Тоҷикистон аз ду 5-солаи пай дар пай ба ду 7-солаи пай дар пай биёранд, Искандаров ва ҳизбаш мухолиф баромаданд. Дертар аз мақоми раиси ширкати давлатии "Тоҷикгаз" барканор гардид ва бо баъзе аз фармондеҳони пешини ИНОТ ба зодгоҳаш дар шарқи кишвар рафт.

Дар идома, пас аз як мулоқот бо раисҷумҳур ӯ дигар ба мансабҳои давлатӣ барнагашт ва ба Русия рафт. Дар онҷо ба воситаи матбуот аз амалкардҳои мақомот дар Тоҷикистон интиқод мекард ва омодагияшро барои номзад шудан дар интихоботи соли 2006 эълон карда буд.

Моҳи декабри соли 2004 дар Русия боздошт ва дар баҳори соли 2005 раҳо шуд. Аммо 15-уми апрели ҳамон сол дар Маскав нопадид ва ба таври мармуз ба Душанбе оварда шуд.

Маҳмадрӯзӣ Искандаров
Маҳмадрӯзӣ Искандаров

Додгоҳи олии Тоҷикистон соли 2005 Искандаровро ба гуноҳи ташкили ҳамла ба ШКД ва Додситонии ноҳияи Тоҷикобод, ғорати амволи "Тоҷикгаз", ҳифзу нигаҳдории силоҳ ва муҳофиз 23 сол зиндонӣ кард. Ӯро ҳамчунин аз рутбаи генерал-майор маҳрум ва ба пардохти ним миллион доллар ба нафъи давлат вазифадор намуданд.

Маҳмадрӯзӣ Искандаров ва тарафдоронаш он замон ба ҳукми додгоҳ розӣ набуданд ва қазияро сиёсӣ мехонданд. Ҳукумати Тоҷикистон ҳеч гоҳ вуҷуди маҳбусони сиёсиро напазируфтааст. Темур Тошев бар ин аст, ки бародараш як зиндонии сиёсист: "Ман ҳеч вақт ӯро террорист гуфта наметавонам. Фақат як маҳбуси сиёсӣ гуфта метавонам."

Видеоро дар инҷо бинед:

Маҳмадрӯзӣ Искандаров, сиёсатмадори зиндонӣ, 70-сола шуд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:09 0:00

Додгоҳи ҳуқуқи башари Аврупо истирдоди Маҳмадрӯзӣ Искандаровро аз Русия ба Тоҷикистон ғайриқонунӣ донист ва Маскавро ҷарима баст. Кумитаи ҳуқуқи башари Созмони Милал аз мақомоти Тоҷикистон бозбинии ҳукми ӯро хост.

Ҳарчанд гуфта мешавад, ки ӯ солҳо дар зиндон ба кандакорӣ машғул асту дар Наврӯзи имсол намунае аз корҳояш ба намоиш гузошта шудааст, хонаводааш мегӯянд, намедонанд, пас аз раҳоӣ фаъолияти сиёсӣ мекунад ё не.

Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Искандаров баъд аз зиндонӣ шудан дар маҳбаси вижа барои низомиён ва кормандони собиқи мақомоти қудратӣ нигаҳдорӣ мешуд, аммо августи 2015 ба маҳбаси низомаш шадиди шаҳри Бохтар интиқол дода шуд.

Баъди сипарӣ кардани як давраи сесола ӯро ба зиндони маъруф ба “маҳбаси Ваҳдат” оварданд. Пайвандонаш мегӯянд, мунтазири озодии ӯ ҳастанд, то даврони пириро дар канори хонавода ва дар оромӣ бигузаронад.

Document
Кӣ кай аз зиндон хоҳад баромад?
Созмонҳои байнулмилал аз ҳукмҳои дарозмуддати мухолифони ҳукумат, фаъолони маданӣ ва хабарнигорону ҳуқуқдонҳо изҳори нигаронӣ мекунанд. Чанде аз онҳо ҳукми умрбод гирифта, дигарон солҳои дароз аз озодӣ маҳрум хоҳанд буд. Радиои Озодӣ бо истифода аз маълумоти манобеи боз феҳристи хурдеро тартиб дод, ки зиндониёни саршинос дар ҳоли адои пурраи ҳукм кай озод хоҳанд гашт.

XS
SM
MD
LG