Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кабирӣ дар бораи бозори "Саховат", дидораш бо Примаков ва Қрим


Президенти Русия Владимир Путин ва Евгений Примаков
Президенти Русия Владимир Путин ва Евгений Примаков

Муҳиддини Кабирӣ мегӯяд, талоши аз хонаводаи ӯ пас гирифтани бозори “Саховат”-и Турсунзода бо мулоқоти ахири ӯ бо Примаков ё ба Украина рабт надорад, балки ҳадаф аз лиҳози иқтисодӣ заиф кардани мухолифин аст.

Муҳиддини Кабирӣ, раиси ҳизби наҳзати исломӣ (ҲНИТ) ва вакили ин ташаккули умдаи мухолифин дар порлумони Тоҷикистон рӯзи 3 апрел дар ҳоле ба Радиои Озодӣ сӯҳбат медод, ки як рӯз қабл додгоҳи шаҳри Турсунзода бар асоси даъвои Оҷонсии мубориза бо фасод ба баррасии масъалаи дубора давлатӣ кардани бозори “Саховат” дар ин шаҳри воқеъ дар 55-километрии ғарби Душанбе шурӯъ кардааст.

Ин мурофиа дар пайи дидори ахири Муҳиддин Кабирӣ бо сарвазири собиқи Русия Евгений Примаков дар шаҳри Маскав оғоз ёфт. Примаков то ҳол дар Кремл аз нуфузи фавқулодае бархӯрдор аст ва аз ин лиҳоз ҳадсу гумонҳое ҳам ба вуҷуд омад, ки шояд дидор бо чунин шахсияти пурнуфузи Маскав мақомотро ба “муҷозот”-и Кабирӣ таҳрик додааст.

Гуфтугӯро бо Муҳиддини Кабирӣ низ аз ҳамин фарзия шурӯъ кардем, ки оё парвандаи бозори “Саховат” бо сафари ахири ӯ ба Маскав рабте дорад?
Гуфтугӯ бо Муҳиддини Кабирӣ
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:12:15 0:00
Линки мустақим

М.Кабирӣ: Фикр намекунам, ки ин қазия ба сафари ахири ман ба Русия ва мулоқотам бо Евгений Примаков рабт дошта бошад, чун ин таъқибу фишорҳо аз замони интихоботи президентӣ шурӯъ шуда, чанд моҳ боз идома дорад. Фақт инки мо намехостем ки гирди ин ҳама ҳангома зиёд шавад ва мавзӯъ матбуотӣ шавад. Вале билохира ин мурофиаи додгоҳӣ масъаларо ошкор кард ва хабараш ба матбуот ҳам расид.

Озодӣ: То ҷое шунидем, қабл аз ин бозор ду сохтмони марбут ба наздикони шумо дар Душанбе, аз ҷумла дафтари маркази таҳлилии “Диалог” ҷарима баста шуд. Ин ҳама, фикр мекунед, ҳалқаҳои як занҷиранд?
М.Кабирӣ: Бале, тамоми он ширкатҳо ва корхонаҳое, ки ба хонаводаи мо рабте доранд, ҳамаашро ҷарима бастанд. Ва ҳатто барои тафтиши як хоҷагии деҳқони бародарам, ки дар кӯҳистони Файзобод асту ғайри замини лалмӣ чизе ҳам надорад, як ҳайатро аз Душанбе фиристоданд. Ин хоҷагии деҳқониро ҳам чунон ҷаримаҳои сангин бастанд, ки ба шароити ягон хоҷагии кишоварзӣ аслан мувофиқат намекунад. Ин ҳама мушкили хонаводаи мо баъди ирсоли номаҳои махсуси мақомот ба ниҳодҳои андозу мубориза бо фасод шурӯъ шуд.


Озодӣ: Худи шумо чӣ фикр мекунед? Чӣ истодааст дар пушти ин ҳама?

М.Кабирӣ: Ман ҳам ҳанӯз гуфта наметавонам, ки ин ҳама аз куҷо сарчашма мегирад ва ҳадафи асосиашон ҳизби наҳзат аст ё шахси ман? Вале рӯшан аст, киин ҳадафи сиёсӣ дорад ва ба хотири фишор овардану заиф кардан аз лиҳози иқтисодист. Вақте мебинанд, як сиёсатмадор аз нигоҳи иқтисодӣ мустақил аст, муттаҳами касе нест, инҳо шояд ба хулосае омаданд, ки шояд мо ҳам мисли раҳбарони дигар аҳзоби сиёсӣ чунин тавоноиро надошта бошем ва дар чорабиниҳо ҳамаи сарони аҳзобро дар як мршрутка худи ҳукумат савор карда, ноҳия ба ноҳия бигардонад.

Озодӣ: Соли оянда Тоҷикистон интихоботи порлумонӣ дорад. Интизоратон чист? Оё бо наздиктар шудани ин корзор фишорҳо ҳам зиёдтар хоҳанд шуд?

М.Кабирӣ: Аз шурӯъи кор маълум аст, ки зиёд мешаванд. Ва ҳизбҳои бахусус мухолиф бояд ба ин омода бошанд. Вале боз ҳам умед дорем, ки ақли солим боло мегирад ва ба хотири манфиатҳои шахсиву гурӯҳӣ манофеи миллату давлатро зери хатар қарор намедиҳанд.

Озодӣ: Идомаи ин фишорҳо метавонад боиси тағйири мавқеи ҳизб шавад?

М.Кабирӣ: Ман ҳоло дар бораи мавқеъгириҳои ҳизб чизе гуфта наметавонам, вале мавқеъгириҳои худи ман тағйир нахоҳанд кард, чунки ингуна фишорҳоро дар гузашта ҳам дида будем. Мавқеъгирии мо набояд марбут ба манфиатҳои шахсиамон бошад. Мо набояд, агар тиҷоратамонро аз дастамон бигиранд, танқиди зиёдтар кунем ва баракс агар иҷозатамон бидиҳанд, ки тиҷоратамонро идома диҳем, фақат тавсиф кунем.

Озодӣ: Аммо баррасии сарнавишти бозори марбут ба хонаводаи шумо дар додгоҳи Турсунзода ҳамагӣ моҳе баъд аз ҳаводиси Украина оғоз ёфт. Оё ин навъе “эмкунӣ”-и мухолифини тоҷик нест, ки зиёд додаи он рӯйдодҳо нашаванд?
Ойниҳол Бобоназарова
Ойниҳол Бобоназарова
М.Кабирӣ: Фикр накунам, чунки ин фишорҳо чанд моҳ боз идома доранд. Ин бештар давоми мантиқии ҳамон протоколи 32-20 аст. Ҳарчанд мақомот вуҷуди чунин санадеро рад мекунанд, вале ҷараёни ҳодисот нишон медиҳад, ки мушкилоти аъзо ва тарафдорони наҳзат маҳз баъди қабул шудани ҳамон протокол оғоз ёфт. Ҳатто ширкати мо дар интихоботи президентӣ бо пуштибонӣ аз Ойниҳол Бобоназарова ҳам танҳо яке аз сабабҳост. То ҳол орзуи бархе ин аст, ки ҷангу сулҳ гузашт ва миссияи ҳизби наҳзати исломӣ ҳам анҷом ёфт. Аз ин рӯ, фикр мекунам, решаи фишорҳо алайҳи наҳзат хеле чуқуртар ва сатҳаш ҳам аз як ҳодисаи алоҳидаи чӣ интихобот ваё чӣ ҳодисаҳои Украна хеле фаротар меравад.

Озодӣ: Яъне дар зеҳни бархе мақомот то ҳол сенарияи комилан аз саҳна рӯфтани ҳизби шумо низ матраҳ боқӣ мемонад?

М.Кабирӣ: Бисёриҳо ин орзуро пеш ҳам дар сар мепарвариданд ва то ҳол ин орзуро доранд. Вале инҳо мехоҳанд ин корро на бо роҳи манъ кардан анҷом диҳанд, балки аз уламои дин истифода мебаранд, ки бархеаш гирифтани сифати исломиро аз номи ҳизб талқин мекунанду бархе – комилан бастани ҳизбро. Кӯшишҳое ҳам ҳаст ки дар дохил, бо аъзои ҳизб ҳам “кор” кунанд, вале муваффақ нахоҳанд шуд, чун наҳзат реша дар ормонҳои мардум дорад.

Озодӣ: Вале бубинед, мақомот шояд баракс биболанд, ки корашон натиҷа дорад, чун ҳизбе ки 4 сол пеш иддаои ба даст овардани 30-35 фоиз дар интихоботро дошт, дар тирамоҳи соли гузашта ҳамроҳ бо ҷамъи аҳзоби дигари мухолифин барои сабти номзадии Ойниҳол Бобоназарова ҳатто 210 000 имзоро, ки 5 дарсади орост, ҷамъ карда натавонист...

М.Кабирӣ: Ҳамон 204 ҳазор имзое, ки ҳизби наҳзат ҷамъ кард, шояд ягон ҳизби дигар, ҳатто ҳизби ҳокими халқию демократӣ, он қадар имзо ҷамъ накардааст. Ба дигарҳо фақат дар қоғаз навишта доданд, ки имзои шумо ин қадару аз шумо – фалон қадар. Дар он шароиту фурсати танг ҷамъ кардани имзои бештар имкон надошт. Аммо табиист ки фишорҳо таъсири худро расонданд ва мо инро эҳсос мекунем. Вале на дар азму иродаи аъзои ҳизб, балки дар шакли фаъолият. Пештар агар узвият ё тарафдориашонро аз наҳзат ошкор эълон мекарданд, ҳоло ин каме табиати эҳтиёткоронаро гирифт ва онҳо талош мекунанд, дар ин бора камтар гап зананд.

Озодӣ: Аммо баргардем ба мулоқоти ахири шумо бо сарвазири собиқи Русия Евгений Примаков, ки ба далели нуфузи то ҳол зиёди ӯ дар саҳнаи сиёсии Русия сарусадои зиёде кард. Ин дидор ибтикори худи Шумо буд ё ба “болоҳо” фаротар мерафт?
Евгений Примаков ва Владимир Путин
Евгений Примаков ва Владимир Путин
М.Кабирӣ: Мо бояд ҳанӯз дар як сафари қаблии ман мулоқот мекардем, вале оқои Примаков мариз шуд. Ва ҳамон вақт паём фиристод, ки ҳар боре гузарам ба Маскав уфтод, аз қабл огоҳаш кунам, то ӯ барои ин дидор омода шавад. Чун эшон ҳам дар як анҷуман аз таҷрубаи тоҷикон ва сиёсатҳои ахири ҳизби наҳзат хеле тавсиф карда буд.

Озодӣ: Аммо мӯҳтавои ин сӯҳбати пурсарусадо чӣ буд?

М.Кабирӣ: Чунин мулоқотҳо ҳамеша сару садои зиёд мекунад, вале як сӯҳбати шиносоӣ буд, чун ман бо ӯ боре ҳам аз наздик нанишаста будам. Вале аз рафти сӯҳбат ошкор шуд, ки Примаков аз тариқи матбуот бо ман ошноии хуби ғоибона доштааст, чунки аз чанд сӯҳбатҳои ман мисол ҳам овард. Эшон ба ҷуз онки ходими давлатӣ ва як сиёсатмадори коркушта ҳастанд, як олими қавӣ ҳам ҳаст, ки Шарқ, бахусус дунёи Исломро хуб медонанд. Назарҳои Примаков барои ҷустуҷӯи роҳҳалҳо дар ҷомиаи исломӣ ва дар муносибати Русия бо ҷаҳони Ислом хеле муҳим аст. Мо як табодули худи андешаҳо дар бораи вазъи сиёсии ҷаҳон ва муносибатҳои Русия бо Осиёи Марказӣ доштем. Аз устод Нурӣ ҳам ёд карданд ва гуфтанд, ки ҳабси ӯ дар замони Шӯравӣ як иштибоҳ буд ва набояд дигар ба чунин иштибоҳҳо роҳ бидиҳанд.

Озодӣ: Шумо дар ҷараёни сафаратон ба Русия аз Қрим ҳам сӯҳбат кардед ва гуфтед, ки тасарруфи ин вилояти Украина дигар як воқеъият шудааст, ки бояд бо он кор кард...
М.Кабирӣ: Бале, аз нигоҳи қонун раъйпурсии Қрим бар хилофи ҳам қонунҳои байналмилалист ва ҳам бар хилофи қонунҳои Украина. Вале вақте дар бораи воқеиятҳо сӯҳбат мекунем, Қрим амалан ҷузъи Русия шуд ва бояд бо ин воқеъиятҳо сару кор гирифт. Маъқул ҳаст ё на, воқеъият ҳамин аст ҳоло. Баъди чанд сол чӣ вазъе пеш меояд, ҳарфи дигар аст, вале ҳоло пайвастани Қрим ба Русия ҳатто аз лиҳози физикӣ ҳам бештар амалӣ мешавад. Сарвазири Русия онҷо рафту ҳатто вазоратхонаи алоҳидаи Қрим сохтанд дар Маскав. Мо дигар ҳарчанд дам аз вайрон шудани ҳуқуқи байналмилалӣ бизанем ҳам, мо гӯё як воқеъиятро дида истодаем, вале қабулаш намекунем. Вале барои ман як нукта муҳим аст, ки далели мухторияти Қрим сокинони бумиаш – тоторҳои Қриманд ва бояд назари онҳо пурсида мешуд, ки барои ин сарзамин чӣ ояндаеро онҳо дидан мехоҳанд? Ин кор, мутассифона, анҷом нашуд.

Озодӣ: Фикр мекунед, дар ниҳоят Ғарб ҳам ин формулдаи “Украина тарҳи Қрим”-ро мепазирад? Барои мисол, дар ивази гузаштҳои Русия дар масоили сурия ё Эрон?

М.Кабирӣ: Аз лиҳози ҳуқуқӣ шояд тан надиҳад, вале дар робитаҳои сиёсӣ ва иқтисодиаш оҳиста-оҳиста гармии масъала пойинтар хоҳад рафт ва масъалаи Қрим мисли имрӯз як санги бузург дар роҳи муносибатҳои Ғарбу Русия нахоҳад монд. Худи муносибатҳои иқтисодӣ ва робитаҳои дигар болои Русияву Ғарб шароитеро таҳмил хоҳанд кард, ки оҳиста-оҳиста равобити худро ба ҳолати қабилаш баргардонанд. Албатта, набояд то ин ҳадд содданигар буд, ки равобити Русияву Ғарб мисли қабл одӣ хоҳад шуд. Он шароити пешин дигар ҳеҷ гоҳ пурра барқарор нахоҳад шуд ва Русия баҳои бузургеро барои тасарруфи Қрим хоҳад дод. Вале чунин ба назар мерасад, ки ҳукумати Владимир Путин барои пардохти чунин баҳои баланд омода аст.
XS
SM
MD
LG