Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

14 донишҷӯи тоҷик аз "рӯйхати сиёҳ"-и Русия берун шуд


Донишҷӯёни тоҷик. Акс аз бойгонӣ
Донишҷӯёни тоҷик. Акс аз бойгонӣ

Дастикам 14 донишҷӯи тоҷик то имрӯз бо мусоидати сафорати Тоҷикистон ҳаққи дубораи вуруд ба Русия ва идомаи таҳсил дар донишгоҳҳои ин кишварро пайдо кардаанд.

Бо мусоидати сафорати Тоҷикистон дар Маскав дастикам 12 донишҷӯи тоҷик аз рӯйхати сиёҳи афроди мамнӯъулувуруд берун оварда шуда, ҳаққи бозгашт ва идомаи таҳсил дар Русияро ба даст овардаанд.

Муҳаммад Эгамзод, сухангӯи сафорати Тоҷикистон дар Русия, рӯзи якшанбе, 4 май, ба Радиои Озодӣ хабар дод, ки баъд аз мулоқоту машваратҳои дипломатҳои тоҷик бо масъулини Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия ва вазорати маорифу илми ин кишвар як теъдод аз донишҷӯёни тоҷик аз феҳристи афроди мамнӯъулвуруд берун карда шуданд. Ӯ афзуд, ки, аз ҷумла, Муҳаммад Соқиев, Саъдӣ Фатҳуллоев, Назифхон Бобоев, Далер Носиров, Севарахон Турсунова, Ҷаҳонгир Раҳматов, Юсуфҷон Неъматуллоев, Азиз Азимҷонзода, Муродалӣ Иноятов, Парвиз Қурбонов, Ҷумъабой Комилов ва Баҳодурҷон Исматуллоев иҷозаи вуруд ба Русияро пайдо намуданд.

Ба гуфтаи Муҳмамад Эгамзод, исми донишҷӯи тоҷик Фирӯз Шокиров ҳанӯз 23 январи соли равон аз феҳристи афроди мамнӯъ-ул-вуруд хориҷ шуда буд. Ба Саида Шарифова ҳам иҷозаи вуруди дубора ба Русия дода шудааст. Аммо Муҳаммади Эгамзод афзуд: “Албатта, ин маънои онро надорад, ки онҳо метавонанд фардо билет харида, ба Русия парвоз кунанд. Онҳо бояд сабр кунанд ва интизори комилан ҳал шудани қазия шаванд, барои он ки онҳо овора нашаванд, мо худамон ба онҳо хабар хоҳем дод.”

Ба гуфтаи дипломати тоҷик, машваратҳо дар бораи аз “рӯйхати сиёҳ” берун кардани исми шаҳрвандони Тоҷикистон Исмоил Содиқов, Зокирбек Гадомамадов, Эраҷ Наҷотов, Оятуллохон Исматов, Сафаралии Исфандиёр ва Саидмурод Муҳиддинов ҳанӯз идома доранд.
Муҳаммад Эгамзод
Муҳаммад Эгамзод
Муҳаммад Эгамзод мегӯяд, ки шурӯъ аз охирҳои тобистони соли гузашта тақрибан 80 донишҷӯи тоҷик ба мушкили вуруд ба Русия ва идомаи таҳсил мувоҷеҳ шуданд – мақомоти Русия онҳоро дар нақзи қавонини муҳоҷират айбдор кардаанд. Ба гуфтаи ӯ, “баъд аз машваратҳо бо мақомоти гуногуни Русия қазияи бештари ин донишҷӯён ҳал шудааст, аммо мутаассифона, Хадамоти федеролии муҳоҷират барои иҷозаи вуруд ба як теъдод аз шаҳрвандони Тоҷикистон розӣ нашуд ва тасмимашро бознигарӣ накард, зеро онҳо воқеъан ҳам қоидаҳои муҳоҷиратро пушти по задаанд.”

Ӯ аз ҷумла аз Н.И.Азимуродова, Ш.А. Ҳамроқулова, Ш.Х.Бобоев, Б.И.Умаров, Ф.А.Бегаҳмадов, Э.М.Табаров, С.М.Ҳабибӣ, П.С.Дададобоева, Н.Н. Давлатов, И.О.Назаршоев, М.Ю.Ҳакимов, М.И.Мансуров, Д.Г.Бобоев ва А.М.Хушдилов ном гирифт, ки ба далели нақзи қоидаҳои иқомат дар Русия ба рӯйхати афроди манӯъулвуруд афтодаанд ва талошҳои сафорат барои берун оврадани онҳо аз ин рӯйхати сиёҳ натиҷа надодааст.

Дипломати тоҷик мегӯяд, донишҷӯёни тоҷик баъд аз тарки Русия ва вуруди дубора ба ин кишвар бояд худро ҳатман дар шӯъбаи махсуси муҳоҷирати донишгоҳҳояшон сабти ном кунанд, то ба феҳристи афроди мамнӯъ-ул-вуруд шомил нашаванд.

Ба гуфтаи Муҳаммад Эгамзод, шурӯъ аз ибтидои соли 2013 вуруд, иқомат ва гаштугузори шаҳрвандони хориҷӣ дар Русия таҳти назорати ҷиддӣ қарор дорад ва ҳама иттилоъ дар бораи онҳо ба маркази вижаи компютерӣ ирсол мешавад. Яъне, баъд аз вуруд сари вақт дар ниҳодҳои дахлдор сабти ном нашудан барои шаҳрванди ҳар кишвари хориҷӣ дарди сари ҷиддӣ эҷод хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG