Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сироҷиддин Аслов вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон таъйин шуд


Бинои вазорати умури хориҷии Тоҷикистон
Бинои вазорати умури хориҷии Тоҷикистон

Ҳамчунон бо фармони президенти Тоҷикистон Абдусалом Қурбонов вазири молия ва Хайрулло Асоев вазири нақлиёт таъин шудаанд

Тибқи иттилои дастгоҳи раёсатҷумҳурии Тоҷикистон, бо фармони президенти кишвар Сироҷиддин Аслов вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон таъйин шудааст. Ӯ дар ин мақом Ҳамроҳхон Зарифиро иваз кард, ки аз соли 2006 ба ин сӯ вазири хориҷии Тоҷикистон буд. Ба маълумоти доираҳои наздик ба ҳукумат, Зарифӣ фаъолияти дипломатии худро идома медиҳад ва имкон дорад, ки сафир таъин шавад.

Вазири нави умури хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов 17-уми феврали соли 1964 дар ноҳияи Темурмалики вилояти Хатлон ба дунё омадааст. Аслов дар соли 1986 Институти Гидрометеорологияи шаҳри Одесса ва дар соли 2002-ум Донишгоҳи иқтисодии Тошкандро хатм кардааст. Ӯ то соли 1996 дар хадамоти обуҳавосанҷии Тоҷикистон ва аз соли 1996 то соли 2004-ум дар Кумитаи иҷроияи Бунёди Наҷоти Арал ифои вазифа кардааст.

Сироҷиддин Аслов, вазири тозатаъйини умури хориҷии Тоҷикистон.
Сироҷиддин Аслов, вазири тозатаъйини умури хориҷии Тоҷикистон.
Моҳи феврали соли 2004-ум Аслов ба вазифаи муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон таъин шуда, то моҳи ноябри соли 2005-ум ҳамин вазифаро иҷро кардааст. Аз моҳи ноябри соли 2005-ум то имрӯз Аслов вазифаи намояндаи доимии Тоҷикистон дар СММ-ро бар ӯҳда дошт. Аслов оиладор ва соҳиби чор фарзанд аст.

ВАЗИРИ НАВИ МОЛИЯ КИСТ?

Бо амри дигари Эмомалӣ Раҳмон Абдусалом Қурбонов вазири молияи Тоҷикистон таъин гашт. Абдусалом Қурбонов дар таърихи 9 феврали соли 1959 дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон таваллуд шудааст. Маълумоташ олӣ, соли 1982 Донишкадаи политехникии Тоҷикистон бо ихтисоси муҳандис – сохтмончӣ, соли 1999 Донишкадаи андоз ва ҳуқуқ бо ихтисоси иқтисодчӣ ва соли 2010 Академияи хизмати давлатии назди Президенти Федератсияи Россияро бо ихтисоси молия, андоз ва қарз хатм намудааст.

Оқои Қурбонов фаъолияти меҳнатиашро соли 1976 ба сифати корманди идораи коммуналии ноҳияи Данғара оғоз намуда, баъди хатми Донишкадаи политехникии Тоҷикистон солҳои 1982-1984 дар сафи артиш хизмат кардааст.

Абдусалом Қурбонов, вазири молияи Тоҷикистон.
Абдусалом Қурбонов, вазири молияи Тоҷикистон.
Солҳои 1984-1986 дар вазифаҳои челонгар, муҳандис, устои колоннаи сайёри механиконидашудаи №38 ноҳияи Данғара, сипас солҳои 1986-1995 дар вазифаҳои гуногуни роҳбарӣ оид ба масъалаҳои истеҳсолию иқтисодӣ дар сохторҳои дирексияи сохтмонии Вазорати мелиоратсия ва хоҷагии об дар вилояти Хатлон ва шаҳри Душанбе фаъолият намудааст.

Солҳои 1995-2006 дар вазифаҳои нозири калон, муовини сардор, сардори нозироти андози ноҳияи Данғара кор кардааст. Аз моҳи феврали соли 2006 то ҳол дар вазифаи Директори Дирексия оид ба сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи раёсати ҷумҳури Тоҷикистон кор мекунад.

Абдусалом Қурбонов дар ин симати ҷойгузини Сафаралӣ Наҷмиддинов шуд, ки аз соли 2000 дар ин мақом кор мекард.

ҲОЛНОМАИ ВАЗИРИ НАВИ НАҚЛИЁТ

Ҳамчунон бо фармони дигари президент Хайрулло Асоев вазири нақлиёти Тоҷикистон таъйин шуд.

Хайрулло Асоев 25 марти соли 1956 дар ноҳияи Файзобод таваллуд шудааст. Маълумоташ олӣ, соли 1978 Донишкадаи политехникии Тоҷикистон бо ихтисоси муҳандис-сохтмончӣ ва соли 1988 Мактаби олии ҳизбии шаҳри Тошкентро бо иҳтисоси ташкилотчии ҳизбӣ хатм кардааст. Фаъолияти меҳнатиашро соли 1978 аз вазифаи усто Раёсати сохтмони «Роғунгэсстрой» оғоз намуда, баъд то соли 1984 дар вазифаҳои саркор, саркори калон, сардори қитъаи Раёсати мазкур кор кардааст.

Хайрулло Асоев, вазири нақлиёти Тоҷикистон
Хайрулло Асоев, вазири нақлиёти Тоҷикистон
Солҳои 1984-1990 дар вазифаҳои масъули ҳизбӣ дар ноҳияи Файзобод, шунавандаи мактаби олии ҳизбии шаҳри Тошкент ва котиби озоди кумитаи ҳизбии сохтмони Неругоҳи барқии обии Роғун фаъолият намудааст. Солҳои 1990-2004 дар вазифаҳои гуногуни муҳандисию техникӣ ва роҳбарӣ Раёсати сохтмони «Роғунгэсстрой» кор кардааст.

Солҳои 2004-2009 ба ҳайси сармуҳандиси Раёсати сохтмони «Монолит-3» Ҷамъияти саҳомии шакли кушодаи «Монолитстрой» ва сардори департаменти сохтмон, робитаҳои беруна ва маркетинги Ҷамъияти саҳомии «Корпорация Сомон Душанбе» адои вазифа намудааст.

Аз соли 2009 муовини якуми Директори генералӣ ва аз моҳи январи соли 2010 то ҳол дар вазифаи Директори генералии Ҷамъияти саҳомии шакли кушодаи «Роғунгэсстрой» фаъолият менамояд. Узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Хайрулло Асоев дар мақоми вазири нақлиёти Тоҷикистон ҷойгузини Низом Ҳакимов шуд, ки тайи ду соли ахир дар ин мақом фаъолият мекард.
XS
SM
MD
LG