Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Паёми Абдуллоҳ ва Аҳмадзай ба сарони НАТО


Ҳарду номзади интихоботи президентии Афғонистон бо сарони НАТО навиштаанд, ки бо поёни бӯҳрони интихоботӣ ва таъсиси ҳукумати ваҳдати миллӣ созишномаи амниятӣ бо ин паймонро имзо хоҳанд кард.

Абдуллоҳ Абдуллоҳ ва Ашрафғанӣ Аҳмадзай дар паёми муштарак ба нишасти сарони НАТО дар Уэлси Бритониё навиштаанд, ки "мо ба як дидгоҳи сиёсии васеъ бовар дорем ва ҳукумати ваҳдати миллиро ташкил медиҳем."

Андерс фоғ Расмуссен, дабири кулли НАТО гуфт, раҳбарони паймон ин паёмро дарёфт кардаанд. Ин дар ҳолест, ки раванди тафтиши орои даври дувуми интихоботи президентии Афғонистон зери назорати Созмони Милали Муттаҳид идома дорад. Дабири кулли паймони НАТО рӯзи гузашта гуфт, мо ба таърихе наздик мешавем, ки дар он як раиси ҷумҳури Афғонистон бояд созишномаи амниятиро бо НАТО имзо кунад, то дар натиҷа як нерӯи хурди ин паймон битавонад пас аз хуруҷи нерӯҳо дар поёни соли ҷорӣ аз Афғонистон, дар ин кишвар боқӣ бимонад.

Аммо таъхир дар имзои тавофуқномаи амниятӣ ва дифоӣ миёни Кобул ва Вошингтон боз ҳам мушкиле буд, ки тасмимҳои нишасти сарони НАТО дар Уэлсро ба ин бунбаст рӯбарӯ сохт. Дабири кулли НАТО рӯзи панҷшанбе дар поёни рӯзи аввали нишасти сарони НАТО гуфт, бидуни имзои тавофуқномаи амниятӣ ва дифоӣ миёни Кобул ва Вошингтон, маъмурияти наве дар Афғонистон вуҷуд нахоҳад дошт. Расмуссен гуфт, вақт бисёр кам аст ва бояд ин тавофуқнома ҳар чӣ зудтар имзо шавад.

Расмуссен гуфт, ки онҳо дар ҷараёни нишасти Уэлс аз ҳар ду номзади раёсати ҷумҳури Афғонистон номаҳое дар мавриди мувофиқат ба имзои паймони амниятӣ ва дифоӣ бо Амрико дарёфт кардаанд. Аз сӯи дигар Андерс Фог Расмуссен афзуд, ки бинобар вазъи норӯшани сиёсии Афғонистон, сарони кишварҳои НАТО натавонистон шумораи сарбозонашонро барои идомаи ҳузур пас аз соли 2014 дар ин кишвар мушаххас кунанд.

Дар айни ҳол дабири кулли НАТО гуфтааст, ки таъмини субот ва амният дар Афғонистон барои онҳо муҳим аст ва нерӯҳои амниятии афғон худ бояд тавоноии масъулиятҳои амниятии кишварашонро дошта бошанд. Вай афзуд, НАТО бовар дорад, ки будҷаи ваъдашуда дар нишасти Чикаго барои нерӯҳои амниятии афғон идома хоҳад ёфт.

Бисмиллоҳхон Муҳаммадӣ, вазири дифои Афғонистон дар нишасти сарони НАТО.
Бисмиллоҳхон Муҳаммадӣ, вазири дифои Афғонистон дар нишасти сарони НАТО.

Аммо вазири дифои Афғонистон мегӯяд, ки дар нишасти сарони НАТО дар Уэлс дар мавриди як миллиард доллар кӯмаки бештар ба нерӯҳои Афғонистон мувофиқат сурат гирифтааст. Бисмиллоҳхон Муҳаммадӣ, вазири дифои Афғонистон дар поёни баҳсҳои нишасти Уэлс дар мавриди Афғонистон, гуфт, ҳукумати ин кишвар бештар аз ончиро ки аз нишасти сарони НАТО интизор дошт, ба даст овардааст. Оқои Муҳаммадӣ итминон аз идомаи ҳимояти нерӯҳои афғон аз сӯи НАТО-ро муҳим хонд.

Ин дар ҳолест, ки аз ин қабл мақомҳои ҳукумати Афғонистон аз афзоиши кӯмакҳои солонаи молӣ то шаш миллиард доллар таъкид карда мекарданд. Дар соли 2012 дар нишасти сарони НАТО дар Чикаго дар мавриди 1,2 миллард доллар кӯмаки солона ба нерӯҳои амниятии Афғонистон мувофиқат сурат гирифта буд.

Гуфта мешавад, ки бинобар таъхир дар интихоботи президенти нави Афғонистон ва адами имзои паймони амниятӣ ва дифоӣ миёни Кобул ва Амрико, нишасти сарони НАТО дар Уэлс барои Афғонистон дастоварде надоштааст. НАТО дар ин нишаст натавонист чаҳорчӯбаи маъмурияти навашро мушаххас кунад, ҳукумати нави Афғонистон натавонист барномаҳошяро муаррифӣ кунад ва сарони кишварҳои НАТО натавонистанд шумораи сарбозонашонро барои идомаи ҳузур дар ин кишвар мушаххас кунанд.

XS
SM
MD
LG