Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Абдулаҳмади Ҷовид: Фарҳанги мо пири ҳамешаҷавон аст


Абдулаҳмади Ҷовид
Абдулаҳмади Ҷовид

Мусоҳибае бо академик Абдулаҳмади Ҷовид дар рӯзҳои иди Наврӯз дар Лондон, дақиқтараш 27 марти соли 1997. Замоне ки ҳанӯз созишномаи сулҳи Тоҷикистон ба имзо нарасида ва як соли ҳокимияти аввали толибҳо ҳазорон нафар аз аҳли фарҳангу ҳунарро аз Афғонистон ба гирду гӯшаи ҷаҳон паноҳанда карда буд.

Суҳбат аз таърихи забону фарҳанг ва дурнамои он ва паёми устувори Ҷовид ба пасовандон. Панҷ сол баъдаш, 31-уми июли соли 2002, устод Ҷовид дар Лондон аз ҷаҳон гузашт. Шогирдонаш пайкари ӯро ба Кобул бурданд ва дар оромгоҳи Шуҳадои Солеҳин ба хок супурданд.

Донишманди бузург, академики Академияи Улуми Афғонистон, Абдулаҳмади Ҷовид на танҳо устоди садҳо чеҳраи маъруфи фарҳангии Афғонистон аст, балки осори мондагоре дар омӯзиши таърих, забон ва адабиёти тоҷикони Афғонистон дорад. Яке аз бузургтарин корҳои ӯ таҳияи "Таърихи адабиёти дарӣ" дар чаҳор ҷилд аст, ки ба гунае такрори корномаи Садриддин Айнист барои нигаҳдошти ҳувияти миллии тоҷикон.

Дар Тоҷикистон профессор Ҷовид бо мақолааш "Сухане чанд дар бораи тоҷикҳо" машҳур шуд, ки онро пажуҳишгар Мирзо Шакурзода дар китоби "Тоҷикон дар масири таърих" ҷой дод ва соли 1994 дар Теҳрон ба нашр расонд.

Пас аз хатми донишгоҳи Кобул дар соли 1952 Абдулаҳмади Ҷовид нахуст чанд сол дар садо ва симои Афғонистон кор кард. Баъдан дар Донишгоҳи Теҳрон рисолаи докторӣ ҳимоя намуд ва ҳангоми кораш дар Вазорати маорифи Афғонистон китобҳои дарсии забон ва адабиёти дариро барои мактабҳо навишт.

Ӯ дар соли 1964 дар Донишгоҳи Тошканд кор кард ва ҳамон сол профессори Донишгоҳи Кобул ва дар соли 1972 ректори ин муассисаи асосии илми олии Афғонистон шуд. Осори илмии ӯ аз он замон гирифта, дар Аврупо нашр мешуданд ва дар соли 1999 таҳқиқеро дар “Авасто” ба табъ расонд. Аз ӯ ҳамчунин чанд маҷмуаи назму наср мондааст.

"Фарҳанги мо пири ҳамешаҷавон аст"
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:15:27 0:00
Линки мустақим
XS
SM
MD
LG