Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шикасти тими миллии футзали Тоҷикистон аз Афғонистон


Мунтахаби милии футзали Тоҷикистон
Мунтахаби милии футзали Тоҷикистон

Дастаи мунтахаби миллии футзали Тоҷикистон дар бозии санҷишӣ дар Тайланд аз тими миллии Афғонистон бо ҳисоби 3:4 шикаст хӯрд.

Ин бозии санҷишӣ дар доираи омодагии футзалбозони Тоҷикистону Афғонистон ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2024 рӯзи 9-уми апрел дар шаҳри Бангкоки Тайланд баргузор шуд. Голҳои мунтахаби Тоҷикистонро Файзалӣ Сардоров, Бахтиёр Солиев и Баҳодур Хоҷаев заданд.

Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, бозӣ миёни тимҳои миллии Тоҷикистону Афғонистон дар Бангкок дар мувофиқа бо рақиб пушти дарҳои баста, бидуни пахши телевизионӣ ва ҳузури тамошогарон доир гардид.

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон бозии дуюми санҷиширо дар доираи ҷамъомади таълимию тамринӣ дар Бангкок рӯзи шанбеи 13-уми апрел муқобили тими миллии Чин баргузор мекунад. Ин бозӣ ҳам бо тасмими ҳарду даста пушти дарҳои баста, бидуни пахши телевизионӣ ва ҳузури тамошогарон сурат мегирад.

Зимнан, дар ҷамъомади таълимию тамринии тими миллии футзали Тоҷикистон зери роҳбарии сармураббӣ Пайрав Воҳидов дар Тайланд ба ҳайати даста 14 бозигар – 2 дарвозабон ва 12 бозигари майдонӣ - дохиланд.

Тими миллии футзали Тоҷикистон дар марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2024, ки аз 17-ум то 28-уми апрел дар Тайланд доир мегардад, дар гурӯҳи «С» бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ (18-уми апрел), Қирғизистон (20-уми апрел) ва Ҷопон (22-юми апрел) рақобат мекунад.

Дарвоқеъ, мунтахаби Тоҷикистон бори дувоздаҳум дар таърихи худ дар марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё иштирок хоҳад кард.

Ҳайати дастаи мунтахаби миллии футзали Тоҷикистон дар Тайланд:

Дарвозабонҳо: Фирӯз Бекмуродов («Истиқлол»), Муродулло Алиқулов («Амонатбонк»);

Бозигарони майдонӣ: Файзалӣ Сардоров, Дилшод Саломов, Идрис Ёров, Бахтиёр Солиев, Самандар Ризомов (ҳама аз «Соро компания»), Муҳаммадҷон Шарипов, Некрӯз Алимаҳмадов, Комрон Алиев, Насратшо Исмоилов, Абдуқаюм Умаров (ҳама аз «Истиқлол»), Умед Қузиев («Амонатбонк»), Баҳодур Хоҷаев («Истаравшан»).

Сармураббӣ – Пайрав Воҳидов.

Шонздаҳ дастаи иштироккунандаи марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2024 ба чаҳор гурӯҳ тақсим шудааст.

Таркиби гурӯҳҳо:

Гурӯҳи "А"

Тайланд

Ветнам

Мянмар

Чин

Гурӯҳи "В"

Узбекистан

Арабистони Саудӣ

Ироқ

Австралия

Гурӯҳи "С"

Ҷопон

Тоҷикистон

Кореяи Ҷанубӣ

Қирғизистон

Гурӯҳи "D"

Эрон

Кувайт

Баҳрайн

Афғонистон

Пас аз анҷоми даври гурӯҳӣ ду дастаи беҳтарин аз ҳар гурӯҳ муборизаро барои медалҳо идома дода, ҷуфтҳои даври чорякниҳоиро ташкил медиҳанд.

Дар сурати ба чорякфинал роҳ ёфтан мунтахаби Тоҷикистон бо яке аз дастаҳои гурӯҳи "D" – Эрон, Кувайт, Баҳрайн ё Афғонистон - бозӣ хоҳад кард.

Бар асоси натиҷаҳои Ҷоми Осиё-2024 панҷ дастаи беҳтарин, ба истиснои тими мизбон - Узбекистон, ба Ҷоми ҷаҳон-2024, ки аз 14-уми сентябр то 6-уми октябр дар шаҳрҳои Тошканд, Андиҷон ва Бухоро доир мегардад, роҳхат мегиранд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG