Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон оғоз меёбад


Дар мусобиқаи имсолаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни тимҳои лигаи олӣ, ки аз 6-уми апрел то 10-уми ноябр доир мегардад, 12 даста иштирок мекунад.

Инҳо дастаҳои «Истиқлол», КМВА (ҳарду аз Душанбе), «Равшан» (Кӯлоб), «Эсхата», «Хуҷанд» (ҳарду аз Хуҷанд), «Ҳосилот» (Фархор), «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода), «Вахш» (Бохтар), «Кӯктош» (Рӯдакӣ), «Панҷшер» (Ҷалолиддини Балхӣ), «Истаравшан» (Истаравшан) ва «Барқчӣ» (Ҳисор) мебошанд.

Дар нахустин даври мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон-2024 дастаҳои зерин бо ҳам рӯбарӯ мешаванд:

6-уми апрел (шанбе)

«Хуҷанд» – «Эсхата»

«Регар-ТадАЗ» – «Вахш»

«Барқчӣ» – «Равшан»

7-уми апрел (якшанбе)

«Ҳосилот» – «Кӯктош»

«Истиқлол» – «Истаравшан»

«Панҷшер» – КМВА

Ҳамаи бозиҳои даври аввали мусобиқа соати 16:00 шуруъ мешаванд.

Тибқи низомнома мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон дар ду давра баргузор мешавад, ки ҳар як даста дар майдони худ ва дар меҳмонӣ бо ҳам бозӣ мекунанд. Дар маҷмуъ, ҳар як тим 22 бозӣ мегузаронад.

Дастае, ки дар мавсими соли 2024 дар лигаи олӣ мақоми охиринро ишғол мекунад, ба лигаи якум мегузарад ва бошгоҳе, ки дар мусобиқа ҷойи ёздаҳумро мегирад, бо барандаи медали нуқраи лигаи аввали Тоҷикистон-2024 бозиҳои гузаришӣ доир мекунад.

Маҳдудият барои бозигарони хориҷӣ дар мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон тағйир наёфтааст. Имсол низ ҳар як бошгоҳи лигаи олӣ метавонад то ҳафт бозигари хориҷиро ба ҳайати худ шомил кунад, аммо дар як вақт то панҷ легионер ба майдон иҷозат дода мешавад.

Дар мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ, ки аз соли 1992 бори 33-юм доир мегардад, ҳамагӣ ҳашт даста ба унвони қаҳрамони Тоҷикистон мушарраф шудааст.

Дастаи “Истиқлол”-и Душанбе аз ҳама бештар – 12 бор – барандаи медалҳои тиллои мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон гардидааст. Дарвоқеъ, “Истиқлол” даҳ соли охир пайиҳам ғолиб мешавад.

Дастаи “Регар-ТадАЗ”-и шаҳри Турсунзода ҳафт бор ғолиби ин мусобиқот шудааст.

Дастаҳои “Вахш”-и Қӯрғонтеппа ва “Варзоб”-и Душанбе себорӣ, “Помир”-и Душанбе, “Ситора”-и Душанбе ва “Равшан”- Кӯлоб дуборӣ, инчунин “Динамо”-и Душанбе як маротиба қаҳрамони футболи Тоҷикистон гардидаанд.

Ғолибону ҷоизадорони мусобиқоти қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ (1992-2023)

Мавсим

Шумораи дастаҳо

Қаҳрамон

Ҷойи 2-юм

Ҷойи 3-юм

1992

12

«Помир» (Душанбе)

«Регар» (Турсунзода

«Вахш» (Қӯрғонтеппа)

1993

16

«Ситора» (Душанбе)

«Помир» (Душанбе)

«Пахтакор» (Пролетар)

1994

16

«Ситора» (Душанбе)

«Помир» (Душанбе)

«Пахтакор» (Пролетар)

1995

15

«Помир» (Душанбе)

«Истаравшан» (Ӯротеппа)

«Ситора» (Душанбе)

1996

16

«Динамо» (Душанбе)

«Ситора» (Душанбе)

«Хуҷанд» (Хуҷанд)

1997

13

«Вахш» (Қӯрғонтеппа)

«Ранҷбар» (Восеъ)

«Хуҷанд» (Хуҷанд)

1998

12

«Варзоб» (Душанбе)

«Хуҷанд» (Хуҷанд)

«Саддам» (Сарбанд)

1999

12

«Варзоб» (Душанбе)

«Хуҷа Карим» (Ғозималик)

«Равшан» (Кӯлоб)

2000

11

«Варзоб» (Душанбе)

«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода)

«Хуҷанд» (Хуҷанд)

2001

10

«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода)

«Панҷшер» (Колхозобод)

СКА-«Помир» (Душанбе)

2002

12

«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода

«Хуҷанд» (Хуҷанд)

«Фаррух» (Ҳисор)

2003

16

«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода)

«Хуҷанд» (Хуҷанд)

«Авиатор» (Чкалов)

2004

10

«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода)

«Вахш» (Қӯрғонтеппа)

«Авиатор» (Чкалов)

2005

10

«Вахш» (Қӯрғонтеппа)

«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода)

«Авиатор» (Ғафуров)

2006

12

«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода)

«Хима» (Душанбе)

«Вахш» (Қӯрғонтеппа)

2007

11

«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода

«Парвоз» (Ғафуров)

«Вахш» (Қӯрғонтеппа)

2008

11

«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода)

«Парвоз» (Ғафуров)

«Хуҷанд» (Хуҷанд)

2009

10

«Вахш» (Қӯрғонтеппа)

«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода)

«Хуҷанд» (Хуҷанд)

2010

9

«Истиқлол» (Душанбе)

«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода)

«Вахш» (Қӯрғонтеппа)

2011

11

«Истиқлол» (Душанбе)

«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода)

«Равшан» (Кӯлоб)

2012

13

«Равшан» (Кӯлоб)

«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода)

«Истиқлол» (Душанбе)

2013

11

«Равшан» (Кӯлоб)

«Истиқлол» (Душанбе)

«Хайр-Ваҳдат» (Ваҳдат)

2014

10

«Истиқлол» (Душанбе)

«Хайр-Ваҳдат» (Ваҳдат)

«Далерон» (Истаравшан)

2015

10

«Истиқлол» (Душанбе)

«Хуҷанд» (Хуҷанд)

«Равшан» (Кӯлоб)

2016

10

«Истиқлол» (Душанбе)

«Ҳосилот» (Фархор)

«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода)

2017

8

«Истиқлол» (Душанбе)

«Хуҷанд» (Хуҷанд)

ССКА-«Помир» (Душанбе)

2018

8

«Истиқлол» (Душанбе)

«Хуҷанд» (Хуҷанд)

«Кӯктош» (Рӯдакӣ)

2019

8

«Истиқлол» (Душанбе)

«Хуҷанд» (Хуҷанд)

«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода)

2020

10

«Истиқлол» (Душанбе)

«Хуҷанд» (Хуҷанд)

ССКА (Душанбе)

2021

10

«Истиқлол» (Душанбе)

«Хуҷанд» (Хуҷанд)

ССКА (Душанбе)

2022

10

«Истиқлол» (Душанбе)

«Равшан» (Кӯлоб)

«Хуҷанд» (Хуҷанд)

2023

10

«Истиқлол» (Душанбе)

«Равшан» (Кӯлоб)

«Кӯктош» (Рӯдакӣ)

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG