Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рақибони паҳлавонони тоҷик дар мусобиқаи Туркия муайян шуданд


tajik judo
tajik judo

Рақибони варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи силсилаи ҷаҳонии ҷудо “Тоскӯлоҳи бузург” (“Antalya Grand Slam 2024”), ки рӯзҳои 29-31-уми март дар шаҳри Анталияи Туркия баргузор мешавад, маълум шуданд.

Ба иттилои сомонаи расмии Федератсияи байнулмилалии ҷудо (IJF), дар мусобиқаи “Antalya Grand Slam 2024” иштироки 628 варзишгар (355 мард ва 273 зан) аз 93 кишвари панҷ қораи ҷаҳон дар назар аст.

Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон 12 варзишгар (10 мард ва 2 зан) дохиланд.

Рақибони паҳлавонони тоҷик дар даври муқаддамотӣ:

Мардон

-60 кг – Меҳрзод Суфиев – Эмирхон Қарахон (Туркия)

-60 кг – Ҳақдод Гулов - Бямбаҷав Тсогт-Очир (Муғулистон)

-66 кг – Эмомалӣ Нуралӣ – ғолиби ҷуфти Илиос Манзӣ (Италия)/Никита Ҳолобородко (Украина)

-66 кг – Обид Ҷебов – Миҳрак Аккус (Туркия)

-73 кг – Абубакр Шеров – Артур Маргелидон (Канада)

-81 кг – Сомон Маҳмадбеков – ғолиби ҷуфти Виктор Стерпу (Молдоа)/Асад Масобиров (Қирғизистон)

-90 кг – Комроншоҳи Устопириён – Ҷамол Петграве (Британияи Кабир)

-90 кг – Умедҷон Раҷабов – Нгаяп Ҳамбоу Максим-Гаел (Фаронса)

-100 кг – Ҷаҳонгир Маҷидов – Зелимхон Башаев (Баҳрайн)

-100 кг – Парвиз Абдураҳмонов – ғолиби ҷуфти Максимс Дуиновс (Латвия)/Антон Савитский (Украина)

Занон

-52 кг — Аҳлия Муъминова – Александра Калета (Полша)

-52 кг – Насиба Карликова – Бинта Ндиаве (Швейтсария)

Барномаи мусобиқа:

29-уми март (ҷумъа). Қувваозмоиҳо дар вазнҳои -48 кг, -52 кг, -57 кг миёни занон; -60 кг, -66 кг байни мардон.

30-юми март (шанбе). Қувваозмоиҳо дар вазнҳои -63 кг, -70 кг миёни занон; -73 кг, -81 кг байни мардон.

31-уми март (якшанбе). Қувваозмоиҳо дар вазнҳои -78 кг, +78 кг миёни занон; -90 кг, -100 кг, +100 кг байни мардон.

Варзишгарон дар ин мусобиқаи бонуфузи байнулмилалӣ ба ҷуз аз медал, соҳиби имтиёзҳо дар феҳристи ҷаҳонӣ ва олимпӣ мешаванд.

Маблағи умумии ҷоизаҳои молии мусобиқа 154 ҳазор евроро ташкил медиҳад. Ғолибон дар ҳар як вазн (7 вазн миёни мардон ва 7 вазн миёни занон) бо 5000 евро, барандагони медали нуқра бо 3000 евро ва соҳибони нишони биринҷӣ бо 1500 евро сарфароз мегарданд.

Соли гузашта дар мусобиқаи байнулмилалии ҷудо Antalya Grand Slam 2023” Тоҷикистонро дар сабқати мардон панҷ варзишгар намояндагӣ карда, натавонистанд медал бигиранд.

Соли 2022 бошад, дар " Antalya Grand Slam” аз байни ҳашт варзишгари тоҷик танҳо Темур Раҳимов соҳиби ҷоиза гардида буд. Ӯ дар вазни беш аз 100 кило медали биринҷӣ ба даст овард.

Зимнан, паҳлавони маъруфи тоҷик Темур Раҳимов, ки ба иллати табобати ҷароҳаташ дар мусобиқоти имсола иштирок накардааст, мавқеи пешсафиашро дар вазни сангинтарин миёни мардон нигоҳ дошта натавонист.

Ӯ дар феҳристи ҷаҳонӣ дар вазни беш аз 100 кило бо 5895 имтиёз баъди Инал Тасоеви русиягӣ (6200 имтиёз) дар ҷойи дувум ва дар феҳристи олимпӣ бо 3950 имтиёз дар ҷойи панҷум қарор дорад.

XS
SM
MD
LG