Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пирӯзии Урдун, мусовии Тоҷикистону Саудӣ ва шикасти Покистон


Дар даври чаҳоруми марҳилаи дуюми интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 тими миллии футболи Урдун пирӯз шуд, Тоҷикистону Арабистони Саудӣ бозиро мусовӣ карданд, аммо Покистон шикаст хӯрд.

Тими миллии Тоҷикистон бозии даври чаҳоруми марҳилаи дуюми интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026-ро бо дастаи меҳмон - Арабистони Саудӣ - бо ҳисоби 1:1 анҷом дод.

Бозии гурӯҳи “G” байни тимҳои миллии Тоҷикистону Арабистони Саудӣ шаби сешанбеи 26-уми март дар Варзишгоҳи марказии Душанбе доир гардид.

Дар нимаи аввали дидор футболбозони тоҷик фаъол буданд ва якчанд лаҳзаҳои голзаниро ба вуҷуд оварданд, аммо муваффақ нагаштанд.

Меҳмонон низ чанд имконияти хуби голзаниро аз даст доданд.

Бояд гуфт, ки дар охири нимаи аввали дидор барқ қатъ шуда, чароғҳои варзишгоҳ якчанд дақиқа хомӯш гаштанд, бинобар ин бозӣ таваққуф кард. Барои ҷуброн кардани вақти талафшуда даҳ дақиқа замони изофа таъйин гардид, ки он ҳам бе гол хотима ёфт.

Ҳарду гол дар нимаи дуюми бозӣ зада шуд.

Ферас Ал-Брикан, бозигари меҳмонон, дар дақиқаи 46-ум ҳисобро кушод. Вай тӯби ба назди дарвоза равонкардаи ҳамдастаашро бо зарбаи сар ба тӯри дарвоза зад.

Рустам Соиров, ҳамлагари мизбонон, дар дақиқаи 80-ум тӯби ба назди дарвоза ирсолкардаи Ҳамадонӣ Камоловро ба нишон расонда, ҳисобро баробар намуд – 1:1.

Ҳамин тариқ, тими миллии Арабистони Сауди зери роҳбарии сармураббӣ Роберто Манчини, мутахассиси итолиёӣ, дар ду бозӣ бо мунтахаби Тоҷикистон чаҳор имтиёз гирифт.

Тими миллии Тоҷикистон бошад, бо роҳбарии сармураббӣ Гела Шекиладзе, мутахассиси гурҷӣ, дар ду дидор бо футболбозони Саудӣ аз панҷ имтиёз бенасиб монд.

Бозии дигари гурӯҳи “G” миёни тимҳои миллии Урдун ва Покистон, ки шаби 26-уми март дар Варзишгоҳи байнулмилалии шаҳри Уммон баргузор шуд, бо ҳисоби бузурги 7:0 ба суди урдуниҳо ба поён расид.

Мӯсо Ал-Таъмарӣ се гол зада, чун бозии аввал бо Покистон “хет-трик” кард. Язан Ал-Наймат, Саид Ал-Росан, Алӣ Олван ва Муҳаммад Абу Зраид якголӣ заданд.

Дар ҳамин ҳол дар ҷадвали гурӯҳи “G” Арабистони Саудӣ бо касби 10 имтиёз дар ҷойи аввал аст. Урдун бо касби 7 имтиёз ба ҷойи дуюм баромад. Тоҷикистон бо касби 5 имтиёз ҷойи сеюмро соҳиб шудааст. Покистон бидуни имтиёз дар зинаи охирин қарор дорад.

Бозиҳои даври панҷуми мусобиқот дар гурӯҳи “G” рӯзи панҷшанбеи 6-уми июн баргузор мешаванд. Мунтахаби Тоҷикистон дар меҳмонӣ бо тими миллии Урдун рақобат мекунад. Бозии дигар миёни дастаҳои мунтахаби Покистон ва Арабистони Саудӣ сурат мегирад.

Марҳилаи дуюми интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2026 дар қораи Осиё бо иштироки 36 дастаи мунтахаб дар нӯҳ гурӯҳ ҷараён дорад.

Дастаҳое, ки дар гурӯҳҳо ҷойҳои якуму дуюмро мегиранд, ба марҳилаи сеюми мусобиқот роҳ меёбанд ва ҳамзамон соҳиби роҳхат ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 мешаванд.

Дар гурӯҳи “G” ба пирӯзии Арабистони Саудӣ шубҳае нест. Барои роҳхати дуюм дастаҳои Урдуну Тоҷикистон мубориза мебаранд. Урдуниҳо, ки дар майдони худ бо футболбозони тоҷик рақобат мекунанд, барои ба даври баъдӣ роҳ ёфтан шонси хубтар доранд.

Ҷоми ҷаҳонии футбол-2026. Мусобиқоти интихобӣ

Марҳилаи дуюм. Гурӯҳи “G”

Даври 1-ум

Тоҷикистон Урдун 1:1

Голҳо: Шаҳром Самиев, 89 (1:0), Язан Ал-Наймат (90+3 (1:1).

Арабистони Саудӣ - Покистон - 4:0

Голҳо: Солеҳ Ал-Шеҳрӣ, 6 (1:0), Солеҳ Ал-Шеҳрӣ, 48 (2:0), Абдулраҳмон Ғариб, 90+1 (3:0), Абдуллоҳ Радиф, 90+6 (4:0).

Даври 2-юм

Покистон – Тоҷикистон 1:6

Голҳо: Ҳамадонӣ Камолов, 9 (0:1), Рустам Соиров, 13 (0:2), Рашис Набӣ, 21 (1:2), Парвизҷон Умарбоев, 26 (1:3), Эҳсони Панҷшанбе, 45 (1:4), Ҳамадонӣ Камолов, 66 (1:5), Шаҳром Самиев, 90+1 (1:6).

Урдун – Арабистони Саудӣ 0:2

Голҳо: Солеҳ Ал-Шеҳрӣ, 8 (0:1), Солеҳ Ал-Шеҳрӣ, 30 (0:2).

Даври 3-юм

Покистон – Урдун – 0:3

Голҳо: Мӯсо Ал-Таъмарӣ 2 (0:1), 82 (0:2), 86 (0:3).

Арабистони Саудӣ Тоҷикистон – 1:0

Гол: Салим Ал-Довсарӣ, 23 (1:0)

Даври 4-ум

Тоҷикистон - Арабистони Саудӣ – 1:1

Голҳо: Ферас Ал-Брикан, 46 (0:1), Рустам Соиров, 80 (1:1).

Тоҷикистон: Рустам Ятимов, Ваҳдат Ҳанонов (Содиқҷон Қурбонов, 35), Зоир Ҷӯрабоев, Манучеҳр Сафаров, Аҳтам Назаров, Эҳсони Панҷшанбе, Парвизҷон Умарбоев, Ҳамадонӣ Камолов (Табрез Исломов, 87), Алиҷони Буризод (Шервонӣ Мабатшоев, 52), Алишер Ҷалилов, Шаҳром Самиев (Рустам Соиров, 52).

Корти зард: Муҳаммад Ал-Увайс, 74 (Арабистони Саудӣ), Алишер Ҷалилов, 82 (Тоҷикистон).

26-уми март Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 13 300 тамошобин.

Урдун – Покистон – 7:0

Голҳо: Мӯсо Ал-Таъмарӣ, 15 (1:0), Язан Ал-Наймат, 28 (2:0), Саид Ал-Росан, 52 (3:0), Мӯсо Ал-Таъмарӣ, 62 (4:0), Алӣ Олван, 75 (5:0), Мӯсо Ал-Таъмарӣ, 79 (6:0), Муҳаммад Абу Зраид, 83 (7:0).

Корти зард: Аламгир Ғозӣ, 46 (Покистон), Вараъа Марие, 58 (Урдун).

26-уми март Уммон, Варзишгоҳи байнулмилалӣ.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали гурӯҳи “G”

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

Арабистони Саудӣ

4

3

1

0

8-1

10

2.

Урдун

4

2

1

1

11-3

7

3.

Тоҷикистон

4

1

2

1

8-4

5

4

Покистон

4

0

0

4

1-20

0

Даври 5-ум

6-уми июн (панҷшанбе)

Покистон – Арабистони Саудӣ

Урдун - Тоҷикистон

Даври 6-ум

11-уми июн (сешанбе)

Тоҷикистон - Покистон

Арабистони Саудӣ – Урдун

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG