Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шикасти тими миллии Тоҷикистон аз Арабистони Саудӣ


Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон дар бозии даври сеюми марҳилаи дуюми интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 аз тими миллии Арабистони Саудӣ бо ҳисоби 0:1 шикаст хӯрд.

Бозии гурӯҳи “G” байни тимҳои миллии Арабистони Саудӣ ва Тоҷикистон шаби 21-уми март дар шаҳри Риёз, дар варзишгоҳи Ал-Аввал Парк, доир гардид.

Голи ягонаро капитан ё сарвони дастаи мунтахаби Арабистони Саудӣ Салим Ал-Довсарӣ дар дақиқаи 23-юм зад. Вай аз ду ҳимоятгари меҳмонон гузашта, тӯбро берун аз ҷаримагоҳ бо зарбаи сахт ба дарвозаи Рустам Ятимов ворид кард.

Дар нимаи дуюми дидор футболбозони тоҷик фаъол шуданд ва якчанд лаҳзаҳои голзаниро ба вуҷуд оварданд, аммо муваффақ нагаштанд.

Тими миллии Арабистони Сауди зери роҳбарии сармураббӣ Роберто Манчини, мутахассиси итолиёӣ, се имтиёз гирифт.

Тими миллии Тоҷикистон бошад, бо роҳбарии сармураббӣ Гела Шекиладзе, мутахассиси гурҷӣ, аз се имтиёз бенасиб монд. Дарвоқеъ, ин аввалин бозии футболбозони тоҷик таҳти роҳбарии Шекиладзе ба ҳисоб мерафт.

Дар бозии дигари гурӯҳи “G”, ки 21-уми март дар шаҳри Исломобод баргузор шуд, дастаи меҳмон – Урдун - тими Покистонро бо ҳисоби 3:0 шикаст дод. Ҳарсе голро нимҳимоятгар Мӯсо Ал-Таъмарӣ ба самар расонда, “хет-трик” кард.

Дар ҳамин ҳол дар ҷадвали гурӯҳи G мунтахаби Арабистони Саудӣ бо касби 9 имтиёз дар ҷойи аввал қарор дорад.

Дастаҳои мунтахаби Тоҷикистону Урдун ҳоло бо чоримтиёзӣ гирифтаанд. Аз рӯи таносуби беҳтари тӯбҳо Тоҷикистон ҷойи дуюм ва Урдун ҷойи сеюмро касб кардаанд. Тими Покистон бидуни имтиёз дар зинаи охирини ҷадвали гурӯҳ қарор дорад.

Бозиҳои даври чаҳоруми мусобиқот дар гурӯҳи “G” рӯзи сешанбеи 26-уми март баргузор мешаванд.

Мунтахаби Тоҷикистон боз бо тими миллии Арабистони Саудӣ рақобат мекунад. Бозии ҷавобӣ дар Варзишгоҳи марказии Душанбе соати 20:00 оғоз меёбад.

Бозии дигари ин гурӯҳ миёни дастаҳои мунтахаби Урдун ва Покистон сурат мегирад.

Марҳилаи дуюми интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2026 дар қораи Осиё бо иштироки 36 дастаи мунтахаб дар нӯҳ гурӯҳ ҷараён дорад.

Дастаҳое, ки дар гурӯҳҳо ҷойҳои якуму дуюмро мегиранд, ба марҳилаи сеюми мусобиқот роҳ меёбанд ва ҳамзамон соҳиби роҳхат ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 мешаванд.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали гурӯҳи “G”

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

Арабистони Саудӣ

3

3

0

0

7-0

9

2.

Тоҷикистон

3

1

1

1

7-3

4

3.

Урдун

3

1

1

1

4-3

4

4

Покистон

3

0

0

3

1-13

0

Даври 4-ум

26-уми март (сешанбе)

Оғози бозӣ – соати 20:00

Тоҷикистон - Арабистони Саудӣ

Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ.

Урдун – Покистон

Оғози бозӣ – соати 00:00

Умон, Варзишгоҳи байналмилалӣ.

XS
SM
MD
LG