Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бозии Тоҷикистон ва Саудӣ. Сармураббӣ умедвори натиҷаи хуб аст


Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон бозии сеюми даври дуюми марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026-ро муқобили тими миллии Арабистони Саудӣ анҷом медиҳад.

Бозии гурӯҳи “G” байни тимҳои миллии Арабистони Саудӣ ва Тоҷикистон 21-уми март дар шаҳри Риёз, дар варзишгоҳи AL AWWAL PARK соати 22:00 бо вақти маҳаллӣ (соати 00:00 бо вақти Душанбе) оғоз меёбад.

Дар арафаи ин дидор сармураббии тими миллии Тоҷикистон Гела Шекиладзе, мутахассиси гурҷӣ, дар нишасти матбуотӣ гуфтааст: "Арабистони Саудӣ тими пурқувват мебошад. Мо бозиҳои рақибро ҳам дар марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 ва ҳам дар Ҷоми Осиё-2023 тамошо кардем. Ин даста бозигарони ҳирфаии зиёд дорад ва моро бозии душвор дар пеш аст. Умедворем ба натиҷаи хуб ноил мешавем".

Инчунин дар ин нишаст Зоир Ҷӯрабоев, ҳимоятгари тими миллии Тоҷикистон, ба хабарнигорон гуфтааст, "мо ба бозӣ омодагии ҷиддӣ дидаем. Аз тавоноии дастаи мунтахаби Арабистони Саудӣ огоҳ ҳастем, рақибамонро хуб омӯхтем. Мо омодаем, ки мубориза барем ва муқобилияти шадид нишон диҳем".

Бозии дигари гурӯҳи “G” миёни дастаҳои мунтахаби Покистон ва Урдун дар шаҳри Исломобод 21-уми март соати 14:00 бо вақти Душанбе шуруъ мешавад.

Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, ба ҳайати дастаи мунтахаби кишвар 25 бозигар – 3 дарвозабон, 8 ҳимоятгар, 10 нимҳимоятгар ва 4 ҳамлагар дохиланд, ки 23 нафари онҳо ба дархости ниҳоии даста шомил хоҳанд шуд.

Ҳайати дастаи мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон дар бозиҳои интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 дар гурӯҳи «G» муқобили тими миллии Арабистони Саудӣ:

Дарвозабонҳо: Рустам Ятимов, Муҳриддин Ҳасанов (ҳарду аз «Истиқлол»-и Душанбе), Далерҷон Баротов («Истаравшан»-и Истаравшан);

Ҳимоятгарон: Ваҳдат Ҳанонов («Персеполис», Эрон), Зоир Ҷӯрабоев, Манучеҳр Сафаров (ҳарду аз «Нефтчӣ», Узбекистон), Меҳрубон Каримов («Самгурали», Гурҷистон), Аҳтам Назаров, Табрез Исломов, Содиқҷон Қурбонов (ҳама аз «Истиқлол»), Далер Имомназаров («Эсхата»-и Хуҷанд);

Нимҳимоятгарон: Парвизҷон Умарбоев (ССКА-1948, Булғористон), Алишер Шукуров («Динамо-Тбилиси», Гурҷистон), Руслан Хайлоев («Тюмен», Русия), Алиҷони Буризод («Самгурали», Гурҷистон), Муродалӣ Акназаров («Самтредиа», Гурҷистон), Алишер Ҷалилов, Эҳсони Панҷшанбе, Ҳамадонӣ Камолов, Амирбек Ҷӯрабоев (ҳама аз «Истиқлол»), Вайсиддин Сафаров (КМВА-и Душанбе);

Ҳамлагарон: Шаҳром Самиев («Андиҷон», Узбекистон), Шервонӣ Мабатшоев, Рустам Соиров (ҳарду аз «Истиқлол»), Нуриддин Ҳамроқулов («Ҳосилот»-и Фархор).

Сармураббӣ – Гела Шекиладзе (Гурҷистон).

Зимнан, тими миллии Тоҷикистон дар даври аввали марҳилаи дуюми интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 дар гурӯҳи «G» бозиро дар Душанбе бо тими миллии Урдун бо ҳисоби мусовии 1:1 анҷом дода, дар даври дуюм дар меҳмонӣ дастаи Покистонро бо ҳисоби бузурги 6:1 шикаст дода буд.

Ҳоло дар ҷадвали гурӯҳи G мунтахаби Арабистони Саудӣ бо касби 6 имтиёз дар ҷойи аввал қарор дорад.

Мунтахаби Тоҷикистон бо касби 4 имтиёз дар зинаи дуюм аст. Дастаи Урдун бо касби як имтиёз дар ҷои сеюм мебошад. Тими Покистон бидуни имтиёз дар ҷойи охирин қарор гирифтааст.

Марҳилаи дуюми интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2026 дар қораи Осиё бо иштироки 36 дастаи мунтахаб дар нӯҳ гурӯҳ ҷараён дорад.

Дастаҳое, ки дар гурӯҳҳо ҷойҳои якуму дуюмро мегиранд, ба марҳилаи сеюми мусобиқот роҳ меёбанд ва ҳамзамон соҳиби роҳхат ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё мешаванд.

XS
SM
MD
LG