Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар пойгаи аспдавонӣ ғолибон муайян шуданд


Ғолибони мусобиқаи аспдавонӣ бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз, ки дар "Наврӯзгоҳ"-и пойтахт доир гардид, муайян шуданд.

Ба иттилои дафтари матбуоти шаҳрдори Душанбе, барои гузаронидаи ин чорабинӣ аз ҳисоби маблағҳои фонди рушди пойтахт 279 750 сомонӣ ҷудо шуда буд.

Дар пойга беҳтарин чобуксаворон ва аспҳо аз вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ иштирок карданд.

Ғолибони пойга бо Ҷоми раиси шаҳри Душанбе сарфароз гардиданд. Инчунин ғолибон бо ҷоизаҳои молӣ - барои ҷойи 1-ум ба маблағи 10 ҳазор сомонӣ, ҷойи 2-юм 7 ҳазор сомонӣ ва ҷойи 3-юм 5 ҳазор сомонӣ - қадрдонӣ шуданд.

Дар пойга ба масофаи 1200 метр байни аспҳои зоти тоҷикии дусола, асп бо лақаби “Марҳабо” аз шаҳри Хуҷанд, соҳиби асп Аъзамхон Алиев, чобуксавор Шукрулло Усмонов бо натиҷаи 1 дақиқаю 24 сония ғолиб гардид.

Дар пойга ба масофаи 1200 метр байни аспҳои зоти ахалтекинӣ асп бо лақаби “Сарбаланд” аз шаҳри Душанбе, соҳиби асп Анушервони Рустам, чобуксавор Фирдавс Саломов бо натиҷаи 1 дақиқаю 20 сония сазовори ҷойи аввал гардид.

Дар пойга ба масофаи 1200 метр байни аспҳои Муассисаи давлатии “Наврӯзгоҳ” ва аспҳои омехта, асп бо лақаби “Султон” аз ноҳияи Рудакӣ, соҳиби асп ва чобуксавор Ёқубҷон Юнусов бо натиҷаи 1 дақиқаю 26 сония ҷойи аввалро гирифт.

Дар пойга ба масофаи 1200 метр байни аспҳои зоти омехта, асп бо лақаби “Сентуриён” аз шаҳри Душанбе, соҳиби асп Рустам Ҳасанзода, чобуксавор Фирдавс Саломов бо натиҷаи 1 дақиқаю 19 сония аввалин шуда ба марра расид.

Дар Тоҷикистон баргузории мусобиқоти идона аз рӯи намудҳои миллии варзиш, ба мисли гуштигирӣ, аспдавонию бузкашӣ, камонварӣ, чавгонбозӣ, найзаандозӣ, пойга, тирандозӣ, дастхобонӣ ва ғайра ба ҳукми анъана даромадааст.

Гуштии миллӣ дар байни ин намудҳо мақоми хос дорад ва дар рӯзҳои таҷлили ид баргузории сабқати паҳлавонӣ яке аз суннатҳои Наврӯзист.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG