Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Лоиқ Раҷабов чӣ тавр пирӯз шуд?


Лоиқ Раҷабов, размикори тоҷик
Лоиқ Раҷабов, размикори тоҷик

Лоиқ Раҷабов, размикори маъруфи тоҷик дар муҳорибаҳои омехта (ММА), дар мусобиқоти UFC (Ultimate Fighting Championship) бори дуюм пирӯзӣ ба даст овард.

Ин размикори 33-сола дар набардҳои UFC Fight Night 238 (Vegas 87), ки шаби 2-юм ба 3-юми март дар толори "UFC Apex"-и шаҳри Лас-Вегаси Иёлати Невадаи ИМА доир гардид, дар вазни сабук ба рақибаш Абдул Карим Ал-Селвадӣ аз Фаластин дар раунди сеюм бо нокаути техникӣ ё фаннӣ ғалаба кард.

Ин сеюмин набарди Лоиқ Раҷабов дар UFC ба шумор мерафт. Рақибаш Абдул Карими 28-сола бошад, бори аввал дар UFC ҳунарнамоӣ кард. Натиҷаҳояш дар муҳорибаҳои ММА 15 ғалаба ва 4 бохт аст.

Лоиқ Раҷабов дар муҳорибаҳои омехта (ММА) аз 24 рақобат дар 18-тоаш пирӯз шуда, панҷтоашро бохтааст ва яктоашро мусовӣ кардааст. Аз ҷумла, дар UFC вай дар ду рақобати худ дастболо шуда, дар яктоаш шикаст хӯрдааст.

Лоиқ Раҷабов, ки дар дар муҳорибаҳои ММА аз соли 2012 ширкат мекунад, бо ташкилоти UFC барои чор муҳориба шартнома бастааст.

Аввалин рақобати Раҷабов дар доираи мусобиқоти UFC 285 моҳи марти соли гузашта муқобили варзишгари бебохти аргентинӣ Эстебан Рибович дар Лас-Вегаси Амрико баргузор шуда буд.

Рақобат бисёр сахт сурат гирифт ва дар ҷараёни он Лоиқ ва рақибаш чанд маротиба ба нокдаун рафтанд. Раҷабов бо қарори якдилонаи доварон ғолиб омад.

“Мусобиқаи UFC 285 яке аз муҳорибаҳои муҳим дар ин ташкилот аст. На ба ҳар кас муяссар мешавад, ки дар чунин мусобиқаи муҳим ширкат варзида, ғолиб шавад. Худоро шукр, ин чиз ба ман даст дод”, - гуфт Лоиқ Раҷабов дар суҳбат бо Радиои Озодӣ.

Вале Раҷабов моҳи июни соли гузашта дар мусобиқаи UFC on ABC 5 дар Ҷексонвилл (ИМА) аз размикори Лаҳистон (Полша) Матеуш Ребетски дар раунди дуюм шикаст хӯрд.

Лоиқ Раҷабов зодаи ноҳияи Данғара мебошад. Вай дар хурдсолиаш ҳамроҳи модараш ба Душанбе омада, дар мактаби варзишӣ машқ мекард. Ӯ тамринро аз гуштии ҷудо оғоз карда, баъдан муҳорибаҳои омехта, яке аз намудҳои вазнин ва хатарноки варзишро интихоб намудааст.

“Дар муҳорибаҳои омехта бояд варзишгар ҳаматарафа бошад. Ҳам гуштин гирифта тавонад, ҳам бокс, аз ҳамаи ин усулҳо огаҳӣ дошта бошад”, - мегӯяд Лоиқ Раҷабов.

Ба гуфтаи ӯ, ҳадафи аслии варзишгарон аз ворид шудан ба UFC пайдо кардани сарпарастони қавист, зеро то ба қуллаҳои баланд баромадан, даромади асосии размикорон аз ҳисоби сарпарастон мебошад.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG