Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Равшан" бори аввал барандаи Ҷоми ФФТ шуд


Дастаи «Равшан»-и Кӯлоб бо роҳбарии сармураббӣ Аҳлиддин Турдиев барандаи Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) дар мавсими соли 2024 гардид.

Дар бозии ниҳоии Ҷоми ФФТ, ки дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор баргузор шуд, «Равшан» дастаи «Ҳосилот»-и Фархорро бо ҳисоби 1:0 шикаст дод.

Голи ягонаро футболбози нави “Равшан” Бахтиёр Зарипов ба самар расонда, беҳтарин бозигари финал эътироф шуд.

Дар рақобат барои ҷойи сеюм КМВА (Клуби марказии варзишии артиш)-и Душанбе ба дастаи «Барқчӣ»-и Ҳисор бо ҳисоби 2:1 ғалаба кард.

Зимнан, Аҳлиддин Турдиев, мутахассиси 52-солаи тоҷик, аз 15-уми январи соли равон сармураббии дастаи лигаи олии футоли Тоҷикистон - «Равшан»-и Кӯлоб гардид.

Вай дар ин вазифа Тоҳирҷон Муъминовро иваз кард. Муъминов, мутахассиси 53-солаи тоҷик, ҳоло сармураббии дастаи лигаи якум – “Вахш”-и Бохтар – мебошад.

“Равшан” соли гузашта бо роҳбарии Муъминов нахуст соҳиби Ҷоми олӣ ё Суперҷом гардида, баъдан ба финали Ҷоми Тоҷикистон роҳ ёфт, вале дар бозии ниҳоӣ аз дастаи “Истиқлол” мағлуб шуда, бо медалҳои нуқра сарфароз гашт.

“Равшан” порсол дар мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ барандаи медалҳои нуқра гардид ва ба ҳаққи ширкат дар марҳилаи интихобии Лигаи қаҳрамонҳои AFC (Конфедератсияи футболи Осиё)-2, ки имсол доир мегардад, мушарраф шуд.

Ҷоми ФФТ сар аз соли 2012 бори сездаҳум сурат гирифт. Дар ин мусобиқа аз ҳама бештар – 6 бор - “Истиқлол” ғолиб гардидааст. “Регар-ТадАЗ” се бор, “Хайр”, “Кӯктош”, КМВА ва “Равшан” якборӣ барандаи Ҷоми ФФТ шудаанд.

Натоиҷи ҳамаи бозиҳои ниҳоии Ҷоми ФФТ (2012-2024):

2012 – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – «Хайр» (Ваҳдат) – 1:0

2013 – «Хайр» (Ваҳдат) – ССКА «Помир» (Душанбе) – 1:1. Аз рӯи пеналти – 6:5

2014 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Хайр» (Ваҳдат) – 2:0

2015 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Хайр» (Ваҳдат) – 5:1

2016 – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – 1:0

2017 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 2:1

2018 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 3:1

2019 – «Кӯктош» (Рӯдакӣ) – «Истиқлол» (Душанбе) – 2:5

2020 – «Равшан» (Кӯлоб) – «Кӯктош» (Рӯдакӣ) – 1:2

2021 – «Хатлон» (Бохтар) – «Истиқлол» (Душанбе) – 0:1

2022 – «Ҳосилот» (Фархор) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 0:4

2023 – КМВА (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 2:1

2024 – «Равшан» (Кӯлоб) – «Ҳосилот» (Фархор) – 1:0

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG