Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маскавиҳо "пазмон"-и роҳрӯбони осиёӣ шудаанд (ВИДЕО)


Бӯҳрони иқтисодӣ ва қонунҳои нав дар Русия муҳоҷиронро аз Маскав "гурезондааст". Ҳоло бо вуҷуди барфи зиёд дар кӯчаҳои пойтахти Русия роҳрӯбони “осиёӣ” дигар тақрибан дида намешаванд.

Қоҳиши асъори миллии Русия -- "рубл" ба ин маъност, ки муҳоҷирони кории Осиёи Миёна акнун назар ба гузашта доллари камтар ба кишварҳояшон интиқол медиҳанд ва ҳамчунин ин сабаб шудааст, то бархе аз муҳоҷирон Маскав ва бархе дигар Русияро тарк кунанд.

Дар кӯчаҳои Маскав бисёре аз сокинон ба хабарнигори Радиои Озодӣ гуфтанд, тибқи мушоҳидаи онҳо, кӯчаҳои пойтахти Русия зери теппаи барф монда ва касе нест, онро пок кунад. Як рӯзномаи чопи Лаҳистон низ чанд рӯз қабл навишта буд, ронда шудани муҳоҷирони тоҷику узбак аз соҳаи ЖКХ, шаҳри Маскавро зери теппаҳои барф гузошт ва касе набуд, ки кӯчаҳои пойтахти Русияро тоза кунад.

Вақте қурби рубл башиддат поин рафт, ин нирӯи арзони корӣ ҳам тарки Маскав кард. Ба гуфтаи масъулони Федератсиюни муҳоҷирони Русия, то поёни моҳи декабр 3 миллион муҳоҷир тарки ин кишвар карданд.

Бино ба ҳисобҳо, бо онки шаҳри Маскав ба тақрибан 50 000 роҳрӯб (дворник) ниёз дорад, дар кӯчаҳои пойтахти Русия дар солҳои охир ҳамагӣ ҳудуди 22 000 нафар ва он ҳам асосан муҳоҷирон аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ҷорӯб мезаданду барф мерӯфтанд. Ронда шудани ин мардум аз соҳаи ЖКХ бо амри мақомоти Маскав ин риштаро дар пайи боришоти ахири барф, ба навиштаи расонаҳои худи Русия, дар як ҳоли наздик ба суқут қарор дод.

Шумори муҳоҷирони тоҷик дар Русия беш аз 1 миллион гуфта мешавад. Бино ба ҳисобҳо, аз 200 то 300 ҳазори онҳо дар шаҳру вилояти Маскав кор мекунанд, аз ҷумла ба ҳайси роҳрӯб.

Москвагиҳо "пазмон"-и муҳоҷирон шуданд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:26 0:00

XS
SM
MD
LG