Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пажӯҳиш: "Маҳдудият ҷавононро ба ифротгароӣ мебарад"


Тибқи як пажӯҳиш, маҳдудияти озодиҳои мазҳабӣ, имконияти гаравиши ҷавонони тоҷик ба гурӯҳҳои ифротиро бештар кардааст.

Сайфиддин Ҷабборов, устоди Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон дар як пажӯҳиш буҳрони бардавоми иқтисодӣ, бекорӣ ва сиёсати исломситезии ҳукуматро аз омилҳои аслӣ ва умдаи рушди тафаккури ифротгароӣ дар миёни ҷавонони тоҷик унвон кардааст.

Оқои Ҷабборов дар ин пажӯҳиш гуфтааст, ки 70 дарсад аз ҷамъияти беш аз 8 миллион нафарии Тоҷикистонро ҷавонони зери 30-сола ташкил медиҳанд, ки мизони бекорӣ дар миёни ин афрод, бар асоси барномаи миллии рушди иҷтимоии ин кишвар беш аз 50 дарсадӣ аст. Ба гуфтаи вай, ин омор метавонад дар соли 2015 ба 55 дарсад афзоиш ёбад.

Дар ин пажӯҳиш омадааст, ки дар ин миён Тоҷикистон ба баҳонаи мубориза бо нуфузи гурӯҳҳои ифротии мазҳабӣ ба тасвиби як қатор қавонин иқдом кард, ки заминаи эътирозоти ҷомеаи мусалмони ин кишварро фароҳам кард.

Тасвиби қонунҳои «Озодии эътиқодот ва фаъолияти созмонҳои динӣ» дар соли 2009 ва «Масъулияти волидайн дар тарбияти фарзанд» дар соли 2011 боис шуд, то фаъолияти масҷидҳо маҳдуд шавад ва вуруди ҷавонони зери 18 сол ба масоҷид, ҳамчунин омӯзиши инфиродии Қуръон ва улуми исломӣ мамнуъ шавад. Ҳамчунин барои шаҳрвандоне, ки аз ин қавонин саркашӣ мекунанд , муҷозот таъин шудааст. Дар ин гузориш омадааст, ки маҷмӯи ин қонунҳо боиси гароиши ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ шуда аст.

Ин пажӯҳиш ҳамчунин омили дигари майли ҷавононро ба чунин гурӯҳҳо дар он мебинад, ки аз ҷониби давлат миёни ҷавонон маъракаҳои фаҳмондадиҳии "терроризм" ва ё "гурӯҳҳои ифротӣ" тақрибан гузаронида намешавад. Ин боиси зиёд шудани ифротгароии ҷавонон мегардад ва ҷавонон бар ҳар роҳу восита, хусусан ба воситаи интернет ба гурӯҳҳои ифротӣ роҳ меёбанд.

Ба навиштаи Сайфиддин Ҷабборов, мушкили асосие, ки ҷавононро ба гурӯҳҳои ифротӣ мепайвандад, ин зиёд будани сатҳи бекорӣ миёни ҷавонон аст. Дар давоми гузориш гуфта мешавад, то моҳи майи соли 2013 дар кишвар 56 700 нафар шахсони бекор сабти ном шудаанд, аммо ҳамагӣ 1500 нафари онҳо бо ҷои кор таъмин шудаанд. Ҳамчунин қайд шудааст, ки омори расмӣ бозгӯи дақиқи шумораи бекорон нест. Чунки садҳо нафар ҷавонони дигар дар пайи ҷустуҷӯи коранд ва худро дар ниҳодҳои масъул ҳамчун бекор сабтином намекунанд.
XS
SM
MD
LG