Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кӣ нархи меваю сабзиҷотро боло мебарад?


Вазорати кишоварзӣ гуфт, дар 6 моҳи гузашта қимати меваю сабзиҷот дар бозорҳо 40 дарсад арзон шудааст.

Ва он ҳам бо ин вуҷуд, ки ба гуфтаи Нарзулло Дадобоев, сухангӯи ин вазорат, қимати маводи сӯхту нуриҳои маъданӣ имсол боло рафтааст.
Шаҳрдории Душанбе тасмим гирифтааст,
ба хотири мусоидат ба коҳиши қиматҳо растаҳои фурӯши молҳои саноатӣ дар бозори “Шоҳмансур”-и пойтахтро ба дӯконҳои фурӯши меваю сабзиҷот табдил кунад...


Фурқат Ғуломов, сардори раёсати меваву сабзавоти Вазорати кишоварзӣ дар гуфтугӯ бо Радиои Озодӣ коҳиши қимати меваву сабзиҷот дар бозорҳо аз ҳисоби афзоиши майдони боғу полезро таъйид кард ва гуфт: "Истеҳсоли картошка ва пиёз зиёд шудааст. Ман дирӯз дар бозори “Шоҳмансур” будам. Як кило пиёз 80 дирам, картошка якуним сомонӣ нарх дошт. Нархи ангур то се сомонӣ поин фаромадааст. Ман бо чашми худам ҳамроҳи муовини вазир дидам."

лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:54 0:00
Линки мустақим


Аммо савдогарони бозор ба назари вазорат мувофиқ нестанд. Маҳмадалӣ Раҳмон, як тоҷири умдафурӯши меваву сабзиҷот мегӯяд: "Ин иддаоҳо дурӯғ аст. Порсол як кило помидор дар ҳамин моҳ 1,5 сомонӣ буд, ҳоло дар бозори умда як кило помидор 2 сомониву 80 дирам аст."

Бисёриҳо тоҷирони бозорро айбдор мекунанд, ки нархи меваро чунин боло мебардоранд. Аммо Маҳмадалӣ Раҳмон мегӯяд: "Ангури пешпазакро худи деҳқон ба бозор меорад ва дар бозори умдафурӯшӣ як килояшро 7-8 сомонӣ мефурӯшад. Савдогар ин ангурро харида бо масрафи 30 сомонӣ таксипулӣ ба бозор мерасонад. Савдогар ба болои мевау сабзиҷот сомонӣ не, балки дирам зам мекунад."

Ҳоло дар бозорҳои Тоҷикистон нархи як кило ангур, барои мисол, аз 8 то 12 сомонӣ, яъне муодили 1,5-2 доллари амрикоист. Қимати як дона тарбузи 6-7 килоӣ аз 6 то 10 сомонӣ ва помидор ҳудуди 3 сомонӣ аст.

Фурқат Ғуломов аз Вазорати кишоварзӣ болоравии нархи тарбузу харбузаро ба фаъолияти савдогарон рабт дод ва гуфт: "Як тарбузи 6-7-килоӣ дар сари замин ё палак 1 сомонӣ арзиш дорад, агар 50 дирам барои оварданаш масраф шавад, 1,5 сомонӣ мешавад."

Аммо Ҷумъабой Содиров, ки бо мошини худаш аз Қумсангир тарбуз меорад, ин иддаои намояндаи вазоратро ба чолиш кашид ва гуфт: "Нарх дар палак ҳар хел аст, як дона тарбуз аз 4 сомониву 30 дирам то 5 сомониву 30 дирам. Агар дар палак як тарбуз 4 сомонӣ бошад то Душанбе овардан 5 сомонӣ мешавад.”

Ронандаҳое, ки аз Вахшу Қумсангир ва Қабодиён тарбузу харбуза меоранд, содироти тарбуз ба Афғонистон аз сӯи тоҷирони ин кишварро рад карданд ва гуфтанд, ки тарбузи дар зери сарпӯши полиетиленӣ сабзида ҳоло тамом шуда, вале тарбузи баъдӣ ҳанӯз напухтааст ва далели камчину гарон шудани қиммати тарбуз ҳамин аст.

Вале Фурқат Ғуломов аз Вазорати кишоварзӣ имкони содиротро рад накард, ки ба гуфтаи таҳлилгарон имкон дорад ба камчинии маҳсулоти полезӣ ва болоравии қимати он дар бозорҳо шудааст.

Намояндаи Иттиҳодияи "Тоҷикматлубот" бо Радиои Озодӣ гуфт, ки содироти тарбузу харбуза ба хориҷ аз кишвар аз сӯи соҳибкорон ва тоҷирони инфиродӣ сурат мегирад ва дар ин бора "Тоҷикматлубот" ва Вазорати кишоварзӣ шояд иттилоъ надошта бошанд.

Ин дар ҳолест, ки шаҳрдории Душанбе тасмим гирифтааст, ба хотири мусоидат ба коҳиши қиматҳо растаҳои фурӯши молҳои саноатӣ дар бозори “Шоҳмансур”-и пойтахтро ба дӯконҳои фурӯши меваю сабзиҷот табдил кунад, то деҳқон битавонад маҳсулоти худро ба қимати нозил дар ин бозор бифурӯшад.
XS
SM
MD
LG