Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ю. Абдусаломов ва Р. Боқиев – соҳиби ҷоизаҳои «Дурнамо»


Ба варзишгарони машҳури Тоҷикистон – Юсуф Абдусаломов ва Расул Боқиев - ҷоизаҳои Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Дурнамо» супурда шуданд.

Раиси ин ҷамъият Абубакр Азизхоҷаев дар як нишасти матбуотӣ, ки дар шаҳри Душанбе доир гардид, ба Юсуф Абдусаломов, барандаи медали нуқраи Бозиҳои тобистонаи олимпии Пекин дар риштаи гуштии озод 5 ҳазор доллар ва ба Расул Боқиев, барандаи медали биринҷии ин Бозиҳо дар риштаи дзюдо, 3 ҳазор доллар тақдим кард.

Ҷамъияти «Дурнамо», ки нахустин шуда барои ғолибону ҷоизадорони Бозиҳои тобистонаи олимпии Пекин аз Тоҷикистон мукофоти пулӣ таъсис карда буд, ба ваъдаи худ вафо намуд.

XS
SM
MD
LG