Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фарҳоди Дарё ба Душанбе меояд


«Ояндасоз мюзик» аст, меҳмони сомонаи Шумо, хонандаи бисёр ҳам азиз. Ҳар ҳафта барои лаҳзае бо мо ба дунёи пур аз шавқу шӯр, пур аз созу наво ва дунёи беғамӣ биравед. Ҷадидтарин навгониҳо аз олами мусиқӣ дар барномаи имрӯзи мо.

Хабари рақами аввал ва ё ба истилоҳи дигар доғи мусиқӣ, ин сафари ситораи Шарқ Фарҳоди Дарё ба Душанбе аст.

Бо мусоидати ширкати Ориён Медиа ва Қиём Энтертеймент, овозхони саршинос Фарҳоди Дарё дар бузургтарин маҷмааи консертии пойтахт Кохи Борбад,19 октябри соли равон барои ҳаводоронаш барномаи ҳунарӣ хоҳад дошт.

Рустами Ҷонӣ, раҳбари ширкати Ориён Медиа мегӯяд, Фарҳоди Дарё бо барномаи ҷадиди худ ҳунарнамоӣ намуда, таронаҳоро аз албоми тозасабташ бо номи Ёҳу иҷро хоҳад кард.

Фарҳоди Дарё борҳо дар сӯҳбат бо хабарнигорон дар мавриди орзуяш, ки мехоҳад дар Тоҷикистон консерте дошта бошад, ҳарф мезад. Ин хонандаи маъруф дар мусоҳибаҳо Тоҷикистонро ба унвони хонаи дуввуми худ ном мебурд ва мегуфт, ҳаргиз интизори даъвате барои омадан ба Тоҷикистон нест. Балке рӯзе кулбори худро бар дӯш меандозад ва ишқашро бо худ гирифтаву равонаи ин кишвар мешавад.

Рустами Ҷонӣ мегӯяд, Фарҳоди Дарё танҳо як рӯз дар Тоҷикистон хоҳад буд ва танҳо ба як барномаи ҳунарӣ. То ҳол қиммати чиптаҳо барои консерт муйян нашудааст, аммо ба гуфтаи Рустами Ҷонӣ, нархи чиптаҳо арзон нахоҳад буд. Рустами Ҷонӣ боз афзуд, ки Фарҳоди Дарё барои консерти худ дар Душанбе ягон тин ҳаққуззаҳма нахостааст ва намегирад. Мо ваъда медиҳем, ки дар барномаҳои баъдӣ аз ҷараёни баргузории консерти Фарҳоди Дарё дар Душанбе барномае хоҳем дошт ва мусоҳибаеро низ бо ин ситораи Шарқ анҷом хоҳем дод.

Хуб, меравем пайи дигар хабарҳо.

Бахшида ба 10 солагии ҳамкории Тоҷикистону Швейсария рӯзи 27 сентябр дар майдони 800-солагии Маскав, воқеъ дар шаҳри Душанбе, бо иштироки оркестри симфониву эстрадии Базморо, барномаи консертӣ доир мегардад. Ҳамчунин, дар барнома овозхонони маъруфи кишвар, Шабнами Сурайё, Далер Назаров ва гурӯҳи Шамс ҳунарнамоӣ мекунанд.

Агарчӣ Вазорати фарҳанги Тоҷикистон чанд моҳ қабл суруд ва ё аниқтараш сурудҳои беҳтарини солро муайян кард, «Оила» - ҳафтавори кишвар талош дорад аз миёни хонанадаҳои попи тоҷик Ситораи солро муайян кунад. Тариқаи интихоби Ситораи сол тӯли чанд моҳ бо роҳи назарпурсии харидорони ин ҳафтавор сурат гирифтааст. Ва 4 октябри соли ҷорӣ дар Кохи Борбад ҷамъбасти озмуни Ситораи сол ва Гала-консерти беҳтарин овозхонони эстрадаи тоҷик бо ширкати шоу-балети Вивати Қазоқистон сурат мегирад.Мубтакирон ва сарпарастони озмун барои ғолиб ва мухлиси ӯ роҳхат ба Анталияро пешбинӣ кардаанд.

Аммо Аловиддини Шарофудин, коршиноси мустақил мегӯяд, ба шаффофияти баргузории ин озмун намешавад эътимод баст. Назари танқидии коршиносро нисбат ба ин озмун дар барнома метавонед гӯш бикунед.

Гуфта мешавад, хонандагони ин ҳафтавор бештар аз ҳама ба 8 овозхони тоҷик, Садриддини Наҷмиддин, Баҳроми Ғафурӣ, Шабнами Сураё, Манижаи Давлат, Фарзонаи Хуршед, Нигора Холова, Зиёввиддини Нурзод ва Нозияи Кароматулло райъ додаанд. Зимнан, тӯли як ҳафтаи ахир таронаи нави Фарзона Хуршед сершунаванда буд.

XS
SM
MD
LG